Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«МУТРИБО, ЧАНГУ НАВОЯТ ҶӮР КУН…». Имрӯз- Рӯзи байналмилалии мусиқӣ

Имрӯз, 1 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи мусиқӣ таҷлил мегардад. Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шўрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна соли 1973 таъсис дода шудааст. Яке аз ташаббускорони таъсиси ин ҷашн композитори маъруф Дмитрий Шостакович буд.

Рӯзи мусиқӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамасола бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва барномаҳои васеи консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ баргузор карда  мешавад.

Дар ин рӯз аслан он асарҳое иҷро карда мешаванд, ки ба хазинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардидаанд.

Бояд гуфт, ки мусиқии тоҷик аз замонҳои қадим инҷониб дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанӯз аз замони китоби муқаддаси «Авесто» то ин давр арзи ҳастӣ намудааст.

Мусиқии тоҷик аз даврони қадим инҷониб дар ҳоли рушд қарор дошта, асосгузори он мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва шарқ Борбади Марвазӣ ё Борбади Ромишгар ба шумор меравад.

Шахсият ва осори Борбад чун хориқаи бузурги ҳунарӣ мавриди баррасии аҳли таҳқиқ, ҳунару адаби ҳар давру замон будааст. Ба хотири абадигардонии ин шахсият дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо ба номи Борбад номгузорӣ ва доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.

Мусиқии тоҷик бо мурури замон тараққӣ карда, жанрҳову усулҳои гуногунро касб намуд.  Мусиқии анъанавии тоҷик ба якчанд шохаҳо тақсим мешавад, пеш аз ҳама, мусиқии халқӣ, халқӣ-касбӣ ва мусиқии касбӣ.

«Мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле  тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили кишвар, инчунин дар арсаи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро ҳамчун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намудааст. Устодони санъати мусиқии тоҷик, аз ҷумла Давлатманд Холов, Мастона Эргашова, Файзалӣ Ҳасанов, Саидқул Билолов бо шеъру оҳангҳои эҷоднамудаи хеш дар дилу дидаи мардум ҷой доранд. Аниқтараш инҳо нафароне ҳастанд, ки мусиқии анъанавии тоҷикро аз устодони худ омӯхта, ба тариқи шифоҳӣ ин санъатро идома медиҳанд»,-иброз дошт мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Кароматулло Раҳимов.

Мавсуф изҳор дошт, ки яке аз жанрҳои маъмули мусиқӣ, ки имрӯз бештар маълуму машҳур аст, ин жанри эстрада мебошад, ки ҳанӯз аз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ дошт. Ин жанр асосан тариқи созҳои мусиқии гитор, синтезатор, асбобҳои зарбӣ ва нафасӣ иҷро мешаад.

 Ба зикри номбурда, солҳои 70-и асри гузашта яке аз гурӯҳҳои овозадоре, ки бо ин сабк суруду мусиқӣ месароид, ансамбли «Гулшан» буд. Гуфтан мумкин аст, ки мусиқии эстрадаи тоҷик дар ҳамин давра бештар тараққӣ намуд. Сарояндагони машҳури ин гурӯҳи овозадор Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Баҳодур Неъматов, Муқаддас Набиева ва дигарон тавонистанд санъати эстрадаи тоҷикро ба мартабаи баланд бардоранд.

«Имрӯз низ сарояндагону навозандагони зиёде ҳастанд, ки бо ин усул шеъру оҳанг месароянд, аз қабили гурӯҳи «Авесто» ва дигар нафарони машҳур, ки кӯшиш мекунанд ба ин жанр навовариҳо ворид созанд»,- зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳифае наве барои ташаккули фарҳанги муосир боз гардида, дар ин замина пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фарҳанги қадима ва анъанаҳои миллӣ, ҷалби насли ҷавон ба санъати касбӣ, омўзиши анъанаҳои мусиқии тоҷик, марбутсозии қонунбандиҳои мусиқии тоҷик бо мусиқии ҷаҳонӣ яке вазифаҳои афзалиятноки муассисаҳои эҷодӣ маҳсуб меёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳит ва фазои фарҳангӣ ба чорабиниҳои сиёсии кишвар ҳусни тоза зам намуда, моҳияти ин чорабиниҳоро барои иштирокчиён ва бинандагон хотирмон месозад.

Муассисаҳои мусиқӣ, ба монанди  Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамблҳои гуногуни вокалӣ ва созӣ аз бисёр ҷиҳат баёнгари симои маънавии ҷомеа буда, аҳамияти миллӣ доранд. Тӯли солҳои охир нақши фарҳанг дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа назаррас буда, таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳит ва фазои фарҳангӣ ба чорабиниҳои сиёсии кишвар ҳусни тоза зам намуда, моҳияти ин чорабиниҳоро барои иштирокчиён ва бинандагон хотирмон месозад.

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташкили системаи такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи фарҳанг, ки бо бачагону наврасон кор мекунанд, инчунин ташкил намудани амсилаҳои нави маҳфилҳои мусиқӣ, санъат, рақс, хор, бадеӣ ва умуман ташаккули коллективҳои бачагона ва таъсиси бахши махсуси худкифоягӣ, аз ҷумла, барои  кўдакони синни томактабӣ ва зиёд намудани ҳаҷми соатҳои дарси суруд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна тадбир меандешад.

Тавре гуфтем, санъату мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд.

Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи «Комде ва Мадан» буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуд ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт. Гузашта аз ин барои ин опера муаллиф ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ мушарраф гардид. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқишиносони аврупоӣ низ мулоҳизаҳояшонро баён намуда буданд.

Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2017 оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дастаҳои ҳунарӣ, навозандагони тоҷик бо баргузории барномаҳои консертӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он санъату фарҳанги тоҷикро муаррифӣ намуда, дили ҳазорон ҳаводорони санъатро мафтун намудаанд.

АМИТ «Ховар» Рӯзи мусиқиро ба тамоми аҳли ҳунар ва дӯстдорони санъати волои мусиқӣ муборак мегӯяд!

 

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»