Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишномаи нав оид ба ҳуқуқи инсон дар Театри лӯхтак

 

2 октябри соли 2018 соати 10:00 дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи нав таҳти унвони «Ҳуқуқҳои шумо дар дасти худи шумост» манзури тамошобинон мегардад.

Намоиш ба қалами муаллифон Наргис Розиқова ва Ҳотам Салимов тааллуқ дошта, аз ҷониби коргардон Искандар Бухориев рӯи саҳна омадааст. Мусиқии намоиш ба оҳангсоз Амирбек Мӯсоев тааллуқ дорад. 

Драмаи «Ҳуқуқҳои шумо дар дасти худи шумост» барои тамошобинон аз ҳисоби синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён нигаронида шуда, дар он ҳунарпешаҳои бомаҳорат мисли Сироҷиддин Ашӯров, Зебунисо Муродова, Мавлуда Неъматова, Саида Ғуломова ва Дурахшон Шеров нақшофарӣ кардаанд.

Дар намоиш мавзӯъҳои доғи ҷомеа, аз ҷумла боло бурдани сатҳи савод ва маърифати ҳуқуқии шаҳвандон, хонадоршавии бармаҳали ҷавонон ва махсусан духтарони деҳотӣ, хушунати хонаводагӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, идомаи таҳсили духтарон ва соҳибкасб гардидани онҳо, маҳкум кардани ҳирси пулу молпарастӣ, талошу мубориза барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба воситаи образҳои бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Нақшҳои мусбат ва манфии намоиш тавассути гуфтор ва рафтори худ хислатҳои хоси худро дар назари тамошобинон ифода хоҳанд кард. 

Сужаи намоиш чунин аст: Духтараки деҳотӣ- Фирӯзаро дарҳол баъди хатми мактаби миёна бо исрори модараш Розия-апа ба шавҳар медиҳанд ва намегузоранд, ки таҳсили худро идома диҳад ва соҳиби касбу пеша шавад. Дере нагузашта маълум мегардад, ки шавҳари Фирӯза–Фарҳоди бизнесмен зани дигар доштааст. Фирӯза писар таваллуд мекунад, вале Фарҳод ҳатто ба дидани фарзандаш наомада, бо занаш тавассути телефон ҷудо мешавад.

Ҳама ҳайрон мемонанд. Дар ин лаҳзаи ногувор дугонаи Фирӯза – Мавзуна таклиф ба миён мегузорад, ки вай ором наистад ва барои ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ мубориза барад. Падару модари Фирӯза аз кардаашон пушаймон мешаванд ва ба духтарашон иҷозат медиҳанд, ки таҳсилашро дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ идома диҳад ва барои ҳуқуқҳояш талош намояд.

Намоиши «Ҳуқуқҳои шумо дар дасти худи шумост» дар доираи лоиҳа бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода "Фонди Мадад" дар Тоҷикистон таҳия ва рӯйи саҳна омада,т тамошобинонро дар рӯҳияи талошу мубориза барои ҳуқуқҳояшон дар ҳаёт тарбия мекунад.