Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бунёд ва таъмири 110 муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд

 

Дар вилояти Суғд бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмири иншооти соҳаи фарҳанг босуръат идома дорад.

Аҳли фарҳанг ва сохтмоничиёни вилоят нақша доранд, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар маҷмуъ 110 иншооти фарҳангиро таъмир ва бунёд намоянд.

То имрўз дар вилоят 9 китобхона таъмир гардида, 3 китобхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Айнӣ бо дастгирии молии соҳибкорони маҳаллӣ 4 китобхона таъмир гардида, 2 китобхонаи нав сохта шуд. Аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт 1 китобхона, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 китобхона, дар шаҳри Истаравшан 1 китобхона, дар шаҳри Панҷакент 1 китобхона ва дар ноҳияи Спитамен 1 китобхона таъмир гардиданд. Бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент 1 китобхонаи нав бунёд гардид.

Инчунин дар вилояти Суғд сохтмони 7 китобхона то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст: 3 китобхона дар ноҳияи Айнӣ, 2 китобхона дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ, 1-ноҳияиСпитамен, 1-ноҳияи Мастчоҳ.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 хонаи фарҳанг таъмиру тармим карда шудаанд. Аз ҷумла: 1 хонаи фарҳанг дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 2 хонаи фарҳанг дар шаҳри Гулистон, 2 хонаи фарҳанг дар ноҳияи Мастчоҳ ва 1 хонаи фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Соли ҷорӣ инчунин дар ноҳияи Шаҳристон 1 Қасри фарҳанг бо 600 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони 7 қаср ва хонаҳои фарҳанг ба нақша гирифта шудааст: 1-ноҳияи Б.Ғафуров, 1-шаҳри Исфара, 2-ноҳияи Мастчоҳ, 1-шаҳри Панҷакент, 1-ноҳияи Спитамен,1-шаҳри Хуҷанд.

Боиси зикр аст, ки дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Боз сохтмони 6 боғи нав дар қаламрави вилоят, аз ҷумла 1 тогӣ боғ дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Гулистон, Истаравшан Б.Ғафуров, Айнӣ ва Зафаробод пешбинӣ шудааст.