Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Коллеҷи фарҳанг Рӯзи Мавлоноро ҷашн гирифтанд

 

29 сентябри соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили хотирмони адабию мусиқӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба ҳаёту рӯзгори шоири маҳбуб Ҷалолиддини Балхӣ маърӯзаҳои пурмазмун намуда, аз ашъори ӯ шеърҳо қироат карданд.

Баъдан, донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ сурудҳо хонда маҳфилро боз ҳам гарм намуданд.

Боиси зикр аст, ки барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси мудири китобхонаи Коллеҷи фарҳанг Лайло Собирова, омӯзгорон Шаҳло Шарипова ва Фариза Шарипова ташкил гардид.