Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Опереттаи нав дар оғози мавсими нави театрӣ

 

15 сентябри соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кушодашавии мавсими 78-уми театрӣ баргузор мегардад.

Аҳли эҷоди театр ба ҳаводорони санъати опера ва балет дар оғози мавсими нав намоиши ҷадиди И. Штраус «Кӯршабпарак»-ро манзур менамоянд.

Опереттаи «Кӯршабпарак» дар асри XIX эҷод гардида, дар саҳнаҳои театрҳои мусиқии ҷаҳонӣ мавқеи ба худ хосро соҳиб гардидааст. 

Коргардони оперетта Сӯҳроб Усмонов, дирижер Анвар Шаймуродов ва консертмейстер Лола Раҷабова мебошанд. 

Дар оперетта Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, ҳунарпешагон Манучеҳр Раҳмонов, Ангелика Тиман, Мария Мирзоева, Қурбон Зокиров ва дигарон нақш офаридаанд.