Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рушди ҳунармандӣ дар оила - омили саодату пойдории он

 

14 сентябри соли 2018 соати 10:00 дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди ҳунармандӣ дар оила - омили саодату пойдории он» баргузор мегардад.

Чорабинӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ ва васоити ахбори омма гузаронида мешавад.

Ҳадафи баргузории конфронс ин эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.