Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Корҳои ободонию созандагӣ ва дастовардҳои соҳаи фарҳанг дар самти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар

Фарҳангро ҳастии миллат гуфтаанду то кунун мо низ ин ибораҳои дилнишинро ба забон мегирем, вале то кадом андоза онро ба ҳастии воқеии миллат табдил додан аз мо кормандони соҳаи фарҳанг, маҳорату матонат ва садоқатро талаб менамояд Танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ, бо роҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муҳаббати беандоза нисбат ба меҳан, ба касб ва арзишҳои волои давлат метавонем дар ташаккул, бойтару ғанитар намудани фарҳанги миллӣ ҳиссаи сазовор бигузорем. Ва ҳар як халқу миллатро танҳо ва танҳо фарҳанги пурғановаташ метавонад миёни миллатҳои дигар муаррифӣ намояд.
Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои дар амал татбиқ намудани нақшаву ниятҳои хеш ҳамасола корҳоеро ба анҷом мерасонад, ки шоистаи таҳсин аст. Туфайли ташаббуси бевоситаи ин вазорати бонуфуз ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг ҳамасола дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд, ки мардуми бофарҳанги кишвар аз он изҳори қаноатманд менамоянд. Бунёду таъмири як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили клубу китобхонаҳо, мактабҳои мусиқию театрҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ шаҳодате ба ин гуфтаҳост.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 12 адад дар шаҳри Душанбе, 19 адад дар вилояти Суғд, 20 адад дар вилояти Хатлон, 2 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 13 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.
Дар боғҳои мазкур 1137 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 45 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 100 нафар дорои маълумоти олии умумӣ, 280 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 712 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Аз шумораи умумии кормандон 590 нафар мард ва 547 нафар зан мебошад.
Дар боғҳои мазкур 2965 адад курсиҳои нишаст, 148 адад аттраксион, 75 адад чархофалак, 30 адад лимпопо, 8 адад дастгоҳи тақвияти овоз, 35 адад нақлиёти хизматӣ, 18 адад мизи саққо (билиард) мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти хизматрасонӣ, ободонӣ ҷиҳати истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷ.Балхӣ, Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, боғҳои ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ба номи Сайфиддини Исфарагии шаҳри Исфара, Панҷакент, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, боғҳои шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Рашт, Файзобод беҳтару хубтар буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ва соҳибкорони маҳаллӣ аттраксионҳои замонавӣ, аз қабили арғунчаку чархофалак, лимпопо, дастгоҳҳои бозиҳои компютерӣ, мизҳои саққову тенниси рӯимизӣ таъмин ва шароити мусоид фароҳам гардиданд.
Пештар ҳам боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ҳамчун ҷойгоҳи истироҳату фароғати шаҳрвандон, ободу серодам буд, вале бо вазидани насими тозаи истиқлолият, бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангу ҷилои тоза касб кард. Бунёди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, ки бо тарҳи наву замонавӣ дари худро ба руи шаҳрвандон ва меҳмонон боз намуд, яке аз он бунёдкориҳост.
Бояд тазаккур дод, ки бо ба тасвиб расиданаи якчанд барномаҳо дар самти фарҳанг ва бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.2018 таҳти № 43 моҳҳои март – июни соли равон озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» ба истиқболи ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ду давр баргузор гардида, 24 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи С. Айнӣ” - шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбаст ғолибон аз рӯи номинатсияҳо бо диплому мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар сатҳи ноҳиявӣ:
1. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон,
2. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Рашт,
3. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
4. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.
Дар сатҳи шаҳрӣ:
1. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе,
2. Боғи фарҳангӣ - фароғатии Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе,
3. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кулоби вилояти Хатлон,
4. Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
5. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Хоруғи ВМКБ,
6. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд,
7. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,
8. Боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Турсунзода.
Дар байни боғҳои ботаникии Тоҷикистон:
Боғи марказии илмӣ - ботаникии Тоҷикистон
Боғи намунавӣ барои иштироки фаъолона:
1. Боғи фароғатии устод “Рӯдакӣ” – шаҳри Душанбе
2. Боғи Наврӯзгоҳ
3. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Исфараи вилояти Суғд,
4. Боғи шаҳри Ваҳдат
5. Боғи шаҳри Ҳисор
6. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Роғун.
Дар номинатсияҳо:
Ташкилотчии беҳтарин – Мирзоева Эркамоҳ – мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
Роҳбари бадеии беҳтарин - Шарипов Карим – мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон
Боғбони беҳтарин - Ғозиев Яҳё корманди боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Ҳисор
Гулпарвари беҳтарин - Зоҳирова Фирӯза корманди Муассисаи давлатии «Боғи марказии илмӣ - ботаникии Тоҷикистон»
Дизайнери беҳтарин - Назаров Рамазон – директори Муассисаи давлатии Боғи “Парчами миллӣ”
Роҳбарият ва мутахассисони соҳаи фарҳанг аз шароити муҳайёгаштаи замони истиқлолияти миллӣ самаранок истифода намуда, корҳои зиёдеро дар ободонӣ, харидории арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ барои ҷиҳозонидани боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сомон расониданд. Аз ҷумла, дар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ва маҷмааи 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб 24 нуқтаҳои хӯроки миллӣ, суратгирхона, нуқтаҳои касбомӯзии дӯзандагӣ ва мақбараи ориф ва мутафаккири барҷастаи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир буда, як фаввораи калон, 3 фаввораи хурд, 1 бинои бозиҳои автоматӣ, 1 бинои толори тобистона, 1 бинои театр, 1 майдончаи шоҳмотбозӣ, 1 майдонча бо 14 адад мошинчаҳои барқӣ, як майдончаи кӯдакона, 3 лимпопои калонҳаҷм, 16 адад чархофалаку аттраксионҳо, аз ҷумла 7 адад аттраксиони механикӣ, 2 арғунчак, 7 бозиҳои автоматӣ ва нишастгоҳҳои чӯбини замонавӣ мавҷуданд.
Дар шаҳри Норак соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тибқи Протоколи ҷаласаи комиссияи тендерӣ (№524 Н/6-101) ба маблағи 628658 сомонӣ таҷдиди чархофалакҳои боғ оғоз гардид ва моҳи майи соли 2018 чархофалакҳои “Офтобак”, “Сюрприз”, лимпопо, майдончаи каторасаворӣ васл карда шуданд. Инчунин аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ “Чархи назарандоз” ба маблағи 739700 сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида ба истифода дода шуд.
Боғи фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара асосан худмаблағгузор буда, масоҳати умумии он 2,6 гектарро ташкил медиҳад. Дар боғи фарҳангӣ-фарғатии ноҳия 750 дарахтони сояафкану ороишӣ, 750 дона гулҳои садбарг, 27 бех дарахти ороишии туя, 8 адад туяи тиллоӣ, 10 каталпа, 9 кедр, 23 сосна, 20 бех дуб, 18 сафедор ва 7000 дона қаламчаи гули садбарг шинонида шудааст.
Дар давоми соли 2016 ва шаш моҳи соли 2017 бо дастгирии раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ чароғонкунии роҳравҳо ва панҷарабандии гирди боғ иҷро гардида, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 290 ҳазор сомонӣ 10 адад арғунчаку чархофалакҳо харидорӣ гардиданд. Инчунин, бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ чойхонаи миллӣ ва маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Барои таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангӣ - фароғатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва соҳибкор Бег Сабуров тасмим гирифтанд, ки 2 фаввора, майдончаи замонавии минифутбол ва маҷмааи хурди бозиҳои фароғатӣ барои хурдсолон сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.
Ба Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайфиддини Исфарагӣ” бо қарори раиси шаҳр аз 23.05.2016, № 272 бахшида ба 830-солагии шоир 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар ҳудуди боғ ҳайкали шоир бо баландии зиёда аз 5,5 метр, бунёди дарвоза, кабудизоркунии ҳудуди боғ бо масоҳати 2,8 гектар, фаввора, роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва ду айвони миллии бо усули кандакорӣ сохта шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи А.Рӯдакии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ аз ҷониби роҳбарияти боғ як адад атраксиони “Аспакча” ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, дар қисми поёнии саҳни боғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия варзишгоҳи хурд ва толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи боғ ба маблағи 750 сомонӣ дарахти арча харидорӣ шуда, 800 адад дарахтон сафед карда шуданд. Ҳамзамон ба маблағи зиёда аз 2000 сомонӣ 7 адад курсиҳои нишаст сохта насб гардиданд.
Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи А.Назарови ноҳияи Спитамен бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ 1 адад чархофалаки кӯдакона ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва атраксиони “Лодка” ба маблағи 2000 сомонӣ насб гардид.
Инчунин, ба боғи мазкур ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ бозии «Баттут» харидорӣ шуда, гирду атрофи бозиҳои бачагона ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ рангубор карда шуданд.
Дар шаҳри Панҷакент боғи фарҳангӣ - фароғатӣ соли 2000 аз ҷониби шаҳрванд Бозорова Баҳринисо хусусӣ гардонида, ҶДММ «Боғи Тиллоӣ»-ро таъсис додааст.
Роҳбарияти боғ дар азнавбарқароркунии ҳавзи шиноварӣ ба маблағи 28266 сомонӣ, осиёб, сохтмони иншоот барои лимпопо ва атраксионҳоро дар давоми соли 2018 ба нақша гирифтаст.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар асоси шартнома ба шаҳрванд Ҷӯраев Туйғун, чархофалаки боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Спитамен ба муҳлати 25 сол ба шаҳрванд Маҳкамов Ғаффор ба иҷора дода шудаанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳру ноҳияи Хоруғ масоҳати 4,2 га хусусӣ ва Рӯшон масоҳати 5 га дар мувозинаи бахши фарҳанг фаъолият доранд. Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Хоруғ аз ҳисоби хазинаи Оғохон маблағгузорӣ гардида, дар он чойхона, толори консертӣ, намоишгоҳи эҷодиёти халқ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, вале боғ чархофалаку арғунчак надорад.
Боғи кӯдакони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудааст.
Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавра дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст дорад.
Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудаанд.
Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад.
Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳархела хизмат мерасонанд.
Дар қисми шимолу шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад мошин пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.
Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудаанд.
Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст.
Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудаанд, аз ҷумла, береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел.
Дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд. Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидаанд. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳаллоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чӯбин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ.
Дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ шуданд. Ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад 267 сутунпояи аз 3 то 12 - метра насб карда шудаанд. Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғро зебою назаррабо гардонидаанд. Як фаввораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст. Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд. Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 киштичаи замонавӣ дастрас карда шудааст.
Бо дастгирии соҳибкорон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 2 адад майдончаҳои шавқовар ва 20 адад мошинчаҳои кӯдакона барои истироҳати наврасон ворид гардидааст.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
“Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” дорои Маҷмааи фароғатии «Симурғ» буда дар он 15 намуд аттраксионҳо мавҷуд аст. Ҳамчунин дигар намуди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ, аз қабили роллердром, скейтбозӣ, толори яхмолакбозӣ мавҷуданд, ки намудҳои муосири варзишу бозиҳои муфид мебошанд.
Дар боғ ҳамчунин корҳои ободониву гулзоркунӣ низ анҷом дода шудаанд. То имрӯз майдони 17 гектар майсазор гардида, дар маҷмӯъ беш аз 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ шинонида шудаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.
Барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи ин боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавонӣ насб карда шуда, ду адад таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ барои истироҳаткунандагон сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Барои ободонии муҳити зист ва ба як мавзеъи дилфиреб табдил додани “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 соснаи қримӣ, 7 адад липа, 4 каштан, 298 кипарис, 32 дуб, 49 клён, 5 пихта, 5 чормағз, 24 соснаи санавбар, 129 каталпа, 45 гулу буттаҳои сирен, 265 сафедор, 151 кипариси аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 барбарис, 47 кактус дастрас ва шинонида шуд.
«Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Ҷавонон» масоҳати 13 гектару 74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд гардид.
Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Ҳисор театри тобистона сохта шуда, дар шаҳри Турсунзода 6 адад чархофалакҳои кӯдакона аз ҷониби соҳибкорони харидорӣ ва 100 адад дарахтони сояафкан шинонида шудааст.
Бо дастгирии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ боғи нави фарҳангӣ - фароғатӣ дар масоҳати 3,5 га бо арзиши 6 млн. сомонӣ дар маҳаллаи 14-и шаҳр ва бо арғунчаку чархофалак, аттраксионҳои замонавӣ идома дорад. Қисми аввали бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ба маблағи 1млн. 200 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 1250 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд. Инчунин, тарҳи боғ бо фаввораҳои ҳозиразамон, бунёди амфитеатр ба нақша гирифта шуда, бо дастрасии маблағҳои буҷети шаҳр амалӣ хоҳад шуд.
Дар ин доира бунёди амфитеатр дар дохили боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо 850 ҷойи нишаст тарҳрезӣ гардида, нақша ва ангораи он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” дар шаҳри Ваҳдат омода ва мувофиқа карда шуданд.
Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Ваҳдат бошад аз ҳисоби соҳибкорон 3 адад атраксиони “Батут” ба маблағи 20 ҳазор доллар, 1 маҷмуъ (комплект) аспакҳои гардон ба маблағи 27 ҳазор доллар, 10 адад мошинчаҳои даккахӯр ба маблағи 4 ҳазор доллар харидорӣ гардида, 40 адад қуттиҳои партов ба маблағи 8000 сомонӣ, 250 метр растаҳо ва 30 метр девор ба маблағи 6000 сомонӣ иҷро гардидаанд.
Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1887,9 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардида, бо 5 нуқтаҳои хизматрасонии воситаҳои техникӣ арғунчаку чархофалакҳо ва дигар бозиҳои дилхушии кӯдакону наврасон ба истифода дода шуданд. Дар боғ инчунин ҳавзи шиноварӣ, майдони варзишӣ бо баргузории бозиҳои волейболу футбол ва амфитеатри хурд сохта шудаст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ боғи фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд набуда, соли 2016 бо ибтикори раиси ноҳия дар назди китобхонаи марказӣ шаҳраки Сомониён «Маркази дилхушии кӯдакон» ташкил карда шуда, дар он арғунчак, чархофалак, лимпопо, бозичаҳои гуногуни муосири барқӣ насб гардиданд.
Таваҷҷуҳи дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳанг дар баргузории барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ширу шакар, шаби эҷодӣ, муаррифии эҷодиёти адибони ҷавон, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои ҳаҷвнигорӣ ва пешниҳоди асарҳои композиторон дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳати ба назар мерасад, ки боиси шукргузорӣ ва қаноатмандист.
Хуллас, имрӯз ба ҳар куҷое, ки назар накунем, ободӣ мебинему ҷилои тоза. Вазорати фарҳанг, ки яке аз шохаҳои тақдирсози миллат маҳсуб меёбад, пайваста дар талоши он аст, ки пайи иҷрои дастуру супоришҳои давлату ҳукумат камари ҳиммат баста, тавассути корхонаву муассиссаҳои фарҳангӣ, тавассути барномаҳои хубу ҷолибу тарбиявӣ, ки дар баланд бардоштани маданияти мардум, бедор намудани завқи зебоиписандӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстӣ ва бунёдкориву созандагӣ дар ниҳоди ояндасозони миллат нақши калидӣ доранд, мусоидат намоянд. Хушбахтона Вазорати фарҳанг аз иҷрои рисолати худ пурра баромада дар бунёди иншоотҳои хубу замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, дар таъмини кадрҳои тахассусӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ муваффақ шудааст.


Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент