Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Саҳми аҳли ҳунари Коллеҷи фарҳанг дар таҷлили ҷашни Истиқлолият

 

Шоми 9 сентябр ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи навбунёди фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Буйдоқов барномаи бошукуҳи консертӣ манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Барномаи идона аз суруду мусиқӣ, рақсу саҳначаҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ иборат буда, баромадкунандагон бо маҳорати баланди касбӣ дар назди мардуми фарҳангдӯст ҳунарнамоӣ карданд.

Боиси зикр аст, ки аҳли ҳунари Коллеҷи фарҳанг таҳти шиори “Фарҳанг – неъмати бебаҳост ва рушди фарҳангу ҳунар ҳамеша ба бақои давлату миллат мусоидат менамояд” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар давоми сол дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои мукаммали консертиро пешкаши тамошобионон мегардонанд.