Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мақомсароёни тоҷик шоҳҷоизаи Форуми мақомро дар Шаҳрисабз ба даст оварданд

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори шоҳҷоизаи аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом гардиданд. 

Боиси зикр аст, ки форуми мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар радифи вазирони фарҳанги дигар кишварҳо ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳори сипос намуд. 

Дар форуми мазкур наздики 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат варзиданд. 

Хунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба ҳайати 11-нафараи ҳакамони форум шомил буд. 

Дар доираи Форум конфронси амалӣ дар мавзӯи «Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», инчунин намоиши асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ташкил гардид.