Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахли шамшод аст Истиқлоли мо

7 сентябри соли 2018 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ таҳти унвони “Нахли шамшод аст Истиқлоли мо” баргузор гардид.

Дар маҳфил шоираи маъруфи тоҷик Шаҳрия, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар оғози маҳфил ҳозиринро директори китобхонаи мазкур Ҳусайн Сафарзода ва сардори раёсати фарҳанг Қурбон Ғуломзода бо ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Сипас, шоираи ширинбаён Шаҳрия аз ашъори тозабунёди худ дар васфи Истиқлол ва Ватан порчаҳо қироат намуд.

Хонандагон низ барномаи ҷолиби ҳунарии таҳиякардаи худро, ки иборат аз шеъру суруд ва рақсу саҳнаҳои гуногун буданд, манзури иштирокчиёни маҳфил намуданд. 

Маҳфил хеле хотирмон сурат гирифт.