Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Машғулияти идоравӣ дар Вазорати фарҳанг

6 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат баргузор гардид.

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанг Нуъмон Набизода ба ҳозирин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” –ро шарҳ дод.

“Яке аз унсурҳои асосие, ки миллати тоҷикро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ҳифзу муаррифӣ намуда, дар миқёси олам маълуму машҳур намудааст, фарҳанги миллӣ мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали душвори зимоми давлати тоҷиконро ба дӯш гирифтан дар баробари ташкил ва такомули рукнҳои муҳими давлатдорӣ, ҳамчунин ба масъалаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”-иброз дошт Нуъмон Набизода.

Баъди шунидани шарҳи қонунҳо иштирокчиёни машғулият ба маърузачӣ суолҳои гуногун дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.