Сомонаи пешина | Ҷм, 16 Ноябр 2018 | 00:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали байналмилалии ҷавонон

 

Аз 29 август то 1 сентябри соли 2018 дар вилояти Суғд Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” доир гардид.

Дар доираи Фестивал иштирокчиёни он аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Аз он ҷумла, меҳмонон ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. 

Иштирокчиён ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ гулчанбар гузоштанд.

Ҷавонон баъд аз боздид дар Фестивали байналмилалии “Овози дӯстӣ” иштирок намуданд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзо Каримзода ҳузур доштанд.

Чорабинии мазкур дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, фароҳам омада¬ни чунин шароити мусоид ҷиҳати табоду¬ли таҷриба миёни ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ғамхорию дастгирии навбатии Пешвои му-аззами миллат дар самти ҷавонон мебошад.

Ҳадаф аз баргузории Фестива¬ли мазкур густариши дӯстиву рафоқат, муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни ҷавонон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар байни онҳо, табодули таҷриба ва таҳаввулоти тоза ворид намудан дар ҳаёти зебои ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад.