Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки ҳунарпешагони тоҷик бо сарварии Вазири фарҳанг дар Форуми мақом дар Ӯзбекистон

 

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ мегардад, иштирок меварзанд.

Санъати волои мақоми тоҷикро дар форуми мазкур Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, Насиба Омумбаева, Ҷамшед Эргашев, Хуршед Иброҳимов, Камолиддин Ҳамдамов муаррифӣ мекунанд. Инчунин Хунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба ҳайати 11-нафараи ҳакамони форум шомил аст. 

Дар доираи Форум конфронси амалӣ дар мавзӯи «Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор мегардад, ки дар он ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ ва мусиқишинос Аслиддин Низомов иштирок мекунанд.

Дар доираи чорабиниҳои форум намоиши асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ташкил мегардад. 

Форум бо дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардида то 10 сентябр идома меёбад.