Сомонаи пешина | Ҷм, 16 Ноябр 2018 | 00:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ШОМИ ДӮСТӢ» ДАР ХУҶАНД. Бо иштироки ҳунармандони вилоятҳои Суғду Самарқанд консерти муштарак баргузор мегардад

Пагоҳ, 7 сентябр гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф меорад. Дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанд дар шаҳри Хуҷанд консерти муштараки ҳунармандони вилоятҳо таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин бо ширкати доираҳои тиҷоратии вилоятҳо Форуми соҳибкорон доир хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе ва моҳи августи соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор шуданд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз намуд.

Аз ҷумла, зимни сафари кории Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори дигар санадҳои нави ҳамкорӣ Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расид. Бо таҳкими муносибатҳои дӯстона ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғду Самарқанд густариш ёфта, рафту омад ва мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Моҳи апрели соли равон гурӯҳи калони фарҳангиён ва соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва Бизнес – форуми «Рушди ҳамкории манфиатбахш байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» иштирок намуданд.

Сафари навбатии намояндагони вилояти Самарқанд низ идомаи тадбирҳои ҳадафманд буда, бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ амалӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»