Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КИТОБ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БОНГИ БЕДОРИЮ ҲУШЁРИСТ. 4 сентябр- Рӯзи китоб

Ҳамасола даҳаи аввали моҳи сентябр дар шаҳру навоҳии  Тоҷикистон ду санаи муҳими фарҳангию таърихӣ: 4 сентябр — Рӯзи китоб ва 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд. 

Ба ифтихори таҷлили ин ду санаи таърихӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҒУЛОМЗОДА  суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Истиқлолият ва китобдорӣ. Аз нигоҳи Шумо дар тӯли  солҳои Истиқлолият чӣ дастовардҳое    амал омаданд?

Қурбон Ғуломзода: Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Китоб барои ин миллат бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар аст, ки имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки моро зарур аст фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

Барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020». 30 июли соли 2018 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои иҷрои ин барномаҳо аз буҷети давлат даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Амалӣ шудани ин барномаҳо имкон дод, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи китоб, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии даврони истиқлол мебошанд.

Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои барҷастаи фарҳангии кишвар дар ин марҳилаи шукуфоии таърихи миллат мебошад, ки фаъолияти он бевосита ба тақвияти тафаккури миллии насли наврас равона гардидааст.

Бинои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ муносибу ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши китоб, фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати пешиниён ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бино нимпайкараҳои 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик гузошта шудаанд.

Аслан Китобхона бо доштани 28 махзан барои нигаҳдории 10 млн нусха китоб пешбинӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир фонди Китобхонаро аз 5,5 то 6 млн нусха китоб ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ равнақи тоза пайдо карда, теъдоди ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик айни замон дар Китобхона ба 2648 нусха расид, ки ба асрҳои Х111-Х1Х тааллуқ доранд.

Дар Китобхона китобҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Солҳои охир теъдоди китобҳои тоҷикӣ рӯ ба афзоиш аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз аксари донишҷӯён китобҳои тоҷикиро дархост менамоянд, зеро дар замони Истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, теъдоди чопи китобҳои тоҷикӣ низ афзоиш ёфтааст.

АМИТ «Ховар»:  Вазъи имрӯзаи  китобхонаҳои  шаҳру навоҳии мамлакат чӣ гуна аст?

Қурбон Ғуломзода: Қабул ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг тадбири саривақтӣ буда, барои воридшавии Тоҷикистон ба фазои муосири иттилоотии ҷаҳон заминаҳои воқеан мусоид фароҳам овард. Дар ҷараёни татбиқи барномаҳои мазкур бинои 60 китобхона таъмир ва фонди китобхонаҳо бо 837 742 нусха адабиёти тозанашр мукаммал гардида, онҳо бо компютер таҷҳизонида шудаанд.

Вазорати фарҳанг бо дарки амиқи масъулият дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳри рушди бемайлони соҳаи китобдорӣ, мутобиқ гардонидани фаъолияти китобхонаҳои мамлакат бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои ин санади муҳимро пайгирона амалӣ менамоянд.

То 15 августи соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 1422 адад китобхона амал мекунад, ки аз ин шумора 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ, 69 китобхонаи марказӣ, 1199 китобхона – филиал ва 76 китобхонаи бачагона, 76 китобхона дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон) мебошад. Фонди умумии китобхонаҳо 14776235 нусха буда, аз ин шумора 4129613 нусха ба забони тоҷикӣ, 9561995 нусха ба забони русӣ ва 1084627 нусха ба дигар забонҳо, 247082 нусха китобҳои электронӣ мавҷуданд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ 1346 китобхонаи оммавӣ  амал мекунанд, ки аз ин шумора 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ, 69 китобхонаи марказӣ, 1199 китобхона – филиал ва 76 китобхонаи бачагона мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, то дар ниҳоди насли наврас майлу рағбати китобхонӣ  рушд кунад?

Қурбон Ғуломзода: Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг- ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва  мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техниқӣ, техника ва технологияи муосир ба  шумор меравад.

Вобаста ба ин, Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз соли 2008 инҷониб дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд, ки он барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона ва хониш, муаррифии китобҳои тозанашри бачагона, шиносоии онҳо бо адибону олимон нақши муҳим мебозад.

Бояд зикр кард, ки барои ҷалби кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, нақши волидон бояд, ки бештар бошад, падару модар бояд фарзандонашонро дар рӯҳияи китобдӯстӣ тарбия намоянд.

АМИТ «Ховар»:. Китобдорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти мутахассисони баландтаҷриба дар ин соҳа яке аз омилҳои пешрафти он мебошад. Дар ҳамин ҳол мегуфтед, ки  вазъи касбияти мутахассисони соҳа дар кадом сатҳ қарор дорад?

Қурбон Ғуломзода: Яке аз самтҳои муҳим дар раванди татбиқи нишондодҳои Барнома- ин ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон, баргузории семинарҳо оид ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобдорию иттилоотӣ, мубодилаи мутахассисон бо мамолики хориҷӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, тавассути марказҳои калонтарини илмӣ-методии соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии кишвар ҳамасола дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ машваратҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.

Аз соли 2006 инҷониб чунин чорабиниҳо бо иштироки аксарияти кулли китобдорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла, китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ аллакай дар мавзӯъҳои «Кӯдак ва китобхона», «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди пурранамоӣ ва густариши фонди китобхонаҳои бачагона», «Услубҳои кори инфиродӣ бо кӯдакону наврасон дар китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ», «Созмондиҳӣ ва услуби фаъолияти китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ», «Китобдори пешсаф бояд чӣ гуна бошад?», «Вазъ ва самтҳои рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон», «Истиқлолият ва рушди илми китобдории тоҷик», «Татбиқи технологияи нави коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо», «Бунёди захираҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳо» ва дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии патенту иттилоот конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» баргузор гардиданд.

Бо мақсади такмили ихтисос, омӯзиши таҷрибаи ғании марказҳои бузурги китобдорӣ, дастовардҳои технологияи муосири иттилоотӣ, стандартҳои таълимии соҳаи китобдорӣ китобдорони мамлакат ба давлатҳои гуногун фиристода шуданд.

Ҳамин тавр дар ҷараёни татбиқи  Барнома 236 нафар китобдорон ва олимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ дар марказҳои бузурги илмии ватанӣ ва хориҷӣ аз шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ баҳраманд гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дар амал татбиқ гардидани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши ҷаҳони маънавии шаҳрвандон, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ба ин восита тарбияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстию ватанпарварии насли наврас ва тамоми қишрҳои ҷомеа, инчунин рушди соҳаи китобдори кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

                                                                                               Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»