Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ЭҲЁИ ДУБОРАИ СУННАТИ АҶДОДӢ. Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи китоб таҷлил гардид

 

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон ва ҳунармандон маҳфилу намоишҳо оғоз гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин барномаи фарҳангӣ хабар медиҳад, саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии  бонувони  КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ  ба таври идона оро дода шуда, аз ду тараф дар зинаҳо сӯзаниҳо ва гулҳо гузошта шудаанд. Гулдухтарони Китобхонаи миллӣ бо либоси зебову шинами миллӣ меҳмононро пазироӣ менамоянд.

Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи китоб  дар Китобхонаи миллӣ силсиланамоишҳои китоб оғоз шуданд, ки хонандагон имкон доранд бо китобҳои тозанашри ноширони кишвар ва хориҷ аз он шинос шаванд. Ҳамчунин дар барнома як силсила китобҳои мавзӯӣ низ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намоиши китоб бо номҳои «Китоб – сарчашмаи дониш», «Китобҳои нодири КМТ», «Китобҳои  бачагона»,  «Китобҳои тозанашр», «Қомус ва луғатҳо», «Адабиёти техникӣ», «Адабиёти тиббӣ», «Адабиёти ҷаҳон», «Дирўз ва имрўзи  матбуоти тоҷик», Осори чопии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Китоб – манбаи дониш», «Дастхату китобҳои нодир», «Таҷассуми истиқлолият дар осори хаттӣ», «Сарқонун – бахтномаи миллати мо» ва  «Китобҳои тозанашр» ин силсиларо оро доданд.

Ҳамзамон суратҳои зиёд роҷеъ ба лаҳзаҳои мондагори мутолиаи китоб дар овезаҳо байни рафҳо ҷо дода шудаанд.

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода иброз дошт, ки «дар Рӯзи китоб метавон оид ба фазилатҳои китобу китобхонӣ зиёд ҳарф зад. Вале сухан аз китоб набояд якрӯзиву дурӯзӣ, балки пайваста бояд бошад. Миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи ногусастанӣ дошт ва имрӯз мо шоҳиди онем, ки ин суннати қадимии аҷдодӣ дубора эҳё мешавад».

Профессор Мирализода барои исботи суханонаш омори афзоиши теъдоди хонандагони Китобхонаи миллиро оварда, зикр кард, ки ҳамин афзоиши пайваста гувоҳи он аст, ки миллат дубора ба китоб руҷӯъ мекунад. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳатто дар таътили имсолаи тобистона толорҳои хониш камодам набуданд. Бахусус, толори хониши кӯдакон пурхонандатарин буд. Ин гувоҳи он аст, ки мо тадриҷан ба тифлонамон муносибат ва арҷгузорӣ ба китобро меомӯзем.

АМИТ «Ховар»