Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Биё, дилро ба барги гул бипечонем». Бо чунин ном маҷмӯаи ашъори Низом Қосим ба табъ расид

 

Нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчини ашъори Шоири Халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосимро  бо номи   «Биё, дилро ба барги гул бипечонем»  ба табъ расонид.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори нашриёти «Адиб» Гурез Сафаров иброз дошт,  китоби  мазкур аз 8 қисм иборат буда, шеърҳои дар солҳои гуногун навишташудаи шоирро дар бар мегирад. «Биё, дилро ба барги гул бипечонем» гулчини беҳтарин ашъори шоир Низом Қосим  мебошад, ки  бори аввал ба табъ расиданд.

Тавре Г.Сафаров зикр кард,  қисми ҳафтуми  китоби мазкур  «Афсонаи хурдтаракон» унвон шудааст, ки шеърҳои дар бораи хурдсолон эҷоднамудаи шоирро  дар бар гирифтааст.

Қисми ҳаштуми китоби мазкур «Гулдастаи меҳр» номгузорӣ  шуда,  он шеърҳои дар бораи ниёгони мо  таълифнамудаи шоирони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Арманистон ва  дигар  назмсароёни  машҳури дунёро дар бар мегирад.

Мавзӯи асосии осори шоир   васфи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагӣ буда, зеро тавре ки аз ин  абёт бармеояд,  бидуни онҳо наметавон як давлати ободу зебо ва мутараққиро бунёд кард.

Ёдовар мешавем, ки Низом Қосим 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри  Бохтар (собиқ Қурғонтеппа)  таваллуд шуда,  соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист хатм намудааст.

Номбурда  дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», шуъбаи танқиди маҷаллаи «Садои Шарқ», Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб» кор кардааст.

Мавсуф солҳои 2006-2010 дар вазифаи  директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» фаъолият намудааст. Ӯ соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Низом Қосим моҳи июни соли 2015 дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  интихоб гардид.

Шоир муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Хӯшаи шеър» (1984), «Хуни ситора» (1988), «Паровар» (1990), «Қаламҳой» (1997, 1998), «Барги саломи сабз» (2002), «Тафсири панҷ оҳ» (2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (2008), «Кӯҳи садо» (ба хатти форсӣ, 2010), «Хомасӯзан» (2014), маҷмӯаҳои мақолаву очеркҳои «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (2013), «Дили дарё» (2013), «Чорсӯ» (2013, 2014), «Аз ассалом то вассалом» (2014), «Бо сӯзҳо то созҳо» (2014) мебошад.

Низом Қосим узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буда, аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Барои фаъолияти пурмаҳсулаш аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001) ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадршиносӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»