Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нек анҷом ёфт

Ҳайати бонуфузи аҳли зиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва намояндагони доираҳои иҷтимоию сиёсӣ, нависандагону шоирон тайи чор рӯз дар Чумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, санаи 4 август бо таассуроти хубу хотирмон ба ватан баргаштанд.

Намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барнома ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд сафар карда, бо фаъолияти Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шинос шуданд. Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар рафти сафар аз ҷойҳои таърихӣ, маҷмааи «Ҳазрати Имом», Қасри форумҳои «Ӯзбекистон», «Адиблар хиёбони», маҷмааи «Ҳазрати Хизр», майдони «Регистон» ва Хона-музейи Садриддин Айнӣ низ дидан намуд.

Дар доираи сафари ҳайати дӯстии Тоҷикистон вохӯриҳо бо аҳли илму адаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои дӯстӣ ва фарҳангиву эҷодӣ баргузор гардиданд.

Бояд қайд кард, ки сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати бештар арҷгузории халқҳоямон ба арзишҳои нек ва созанда дар самти густариши равобити адабиву фарҳангӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нашқи муҳим дорад. Ин сафар боз як иқдоми амалӣ ва муҳим баҳри густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек гардида, ба ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии онҳо мувофиқат хоҳад кард.