Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд

Санаи 3-юми августи соли ҷорӣ ҳайати бонуфузи гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.

Ба иттилои муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим ҳайати кориро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд таҳти садои суруду мусиқии дилнишин бо нону намак аз ҷониби муовини аввали ҳокими шаҳри Самарқанд ва дигар шахсони бонуфуз самимона истиқбол гирифтанд.

Ба таърихи ҳамин рӯз гурӯҳи корӣ аз ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд боздид намуданд. Баъд аз боздиду шиносоӣ бо иштироки намояндагони илму адаби Самарқанди бостонӣ дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии шаҳри Самарқанд байни гурӯҳи кории ҳарду ҷониб вобаста ба мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳо дар доираи дӯстию рафоқат байни миллатҳо, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, матбуот, илм,ҷавонон ва сайёҳӣ табодули назар сурат гирифт.

Баъд аз мубодилаи афкор вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китобҳои тозанашри «Шашмақом», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон», «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Албоми Тоҷикистон», «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ва «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро ҳамчун туҳфаи хотиравӣ ба мизбонон тақдим намуд.

Ҳамзамон бояд хотирнишон намуд, ки дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ ва таҳкими ҳамкориҳо фикру андешаҳо баён карда шуд.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои соҳаҳои мухталиф, арҷгузорӣ ба ташаббусҳои тақдирсоз ва шоёну намоёни сарони давлатҳои ҳарду кишвар изҳори назар намуданд. 

Сафари гӯрӯҳи корӣ дар шаҳри Самарқанд идома дорад.