Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард

 

Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Ҳадаф аз ин сафар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, он дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Ба ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли зиё ва фарҳанги кишвар, олимон, шоиру нависандагон ва намояндагони васоити ахбори омма шомиланд. Ҳамзамон ба ҳайати мазкур аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд. Ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафарашон ба Ӯзбекистон, ки то 4 август идома меёбад, аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Ӯзбекистон боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд.