Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гулшани маърифат

10 июли соли 2018 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ ш.Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид.

Озмун дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2018, таҳти № 79 бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию зебоипарастӣ ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо даври дуюми озмуни гузаронида мешавад. 

Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи вилоятӣ Обидов Саймуҳаммад ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт ва ба рафти озмун бурдбориҳоро таманно намуд.

Дар озмун мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озар Зарифӣ, муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Зафари Шариф ҳамчун аъзои ҳакамон иштирок доштанд.

Дар натиҷаи озмун Тураев Қурбоналӣ-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и ҷамоатидеҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдуллоева Рамзия-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и ноҳияи Данғара ва Қодирова Робия-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 шаҳри Кӯлоб ғолиби даври дуюм дониста шуданд.


Ғолибони даври дуюм дар даври ниҳоӣ, ки 3-4 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

 

Абдуллоева Саодат-корманди
Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнӣ.