Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ХУРСАНДИИ КӮДАКОН ҲАДДУ КАНОР НАДОРАД: барои тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор гардид

 

07.07.2018 дар Амфитеатри «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

“Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад”, — хабар дод чанд лаҳза қабл мухбири АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР аз “Боғи кӯдакон”. Бино ба иттилои ӯ,    дар маросими ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла, кӯдакон ёдовар шуд.

Мавриди зикр аст, ки то оғози барномаи асосӣ кӯдакон ва наврасон дар ҳудуди «Боғи кӯдакон» бо бозиҳои гуногун, аз ҷумла, футбол, шоҳмот ва тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ машғул шуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ, ки дар Амфитеатри боғ бо иштироки 500 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳунармандони навраси ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» — и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва Сирки давлатии Тоҷикистон бо суруду таронаҳо ва ҳар гуна ҳунарнамоиҳо  хотири тарбиятгирандагонро шод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои истироҳатии  ҳар ҳафта баҳри тафреҳу фароғати сокинону меҳмонони  пойтахт дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барномаҳои рангини фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намояд.

 

АМИТ «Ховар»