Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Горис – Пойтахти фарҳангии ИДМ – 2018”

 

7-8 июли соли 2018 дар шаҳри Гориси Ҷумҳурии Арманистон барномаи байнидавлатии “Горис – пойтахти фарҳангии ИДМ – 2018” баргузор мегардад.

Дар барномаи мазкур намояндагони илму адаб ва фарҳанг аз ҳамаи кишварҳои ИДМ, инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. 

Барномаи мутантани фарҳангӣ ба ифтихори кушодашавии чорабинӣ санаи 7 июл баргузор мегардад. 

Тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Арманистон дар доираи барномаи ифтитоҳ вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, барномаи консертии Оркестри ҷази Ереван, ифтитоҳи муҷассамаи «Зангер» (Зангӯлаҳо), кафе-китобхона, осорхона, тантанаи супоридани сертификати «Пойтахти фарҳангии ИДМ»дар назар аст. 

Ҳадафи барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангӣ» ин мусоидат ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии шаҳрҳои интихобшаванда мебошад. 

Тибқи барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангӣ» пойтахти фарҳангии ИДМ бо пешниҳоди худи кишвар шаҳре интихоб мешавад, ки пойтахти давлат набошад.