Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунармандонро дастгирӣ мебояд

Ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосса дошта, як падидаи фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон 

Мардуми бофарҳанги тоҷик аз ибтидо то имрӯз дорои расму анъанаҳои ҷолиб ва касбу ҳунарҳои гуногун буда дар саросари олам бадин васила шинохта ва соҳибэҳтиром аст. Ҳамин ҳунарҳои волои мардуми муъҷизаофари тоҷик аст, ки дар саросари олам миллати мо ҳамчун миллати баору номус, ҳунарманд, косиб, сухандону сухансанҷ ва мулки мо биҳишти ҳамешасабз муаррифӣ гардидааст. 

Бе омузиши ягон мактаб, бе маслиҳати ягон устод аксарияти мардуми кишвар дорои ҳунарҳои зиёданду бо истифода аз меҳнати ҳалол, бо истифода аз истеъдоди худододӣ чамбари зиндагии хешро тоб медиҳанд. Дар ҳама гирудорҳо, дар ҳама чархгардиҳои таъриху ба миён омадани мушкилот мардуми баору номуси тоҷикро маҳз ана ҳамин ҳунару ҳунармандӣ аз вартаҳои ҳалокатбор раҳо намудааст.

Боиси шукргузорӣ ва қаноатмандист, ки дар қатори дигар арзишҳои миллӣ нисбати рушди ҳунарҳои мардумӣ, пайдо намудани ҳунармандони чирадаст ва аз тарафи давлату ҳукумат, хоса аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамғорию пуштибонӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад, ки далел ба ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист. 

Ин иқдом, ин супориши олии Пешвои миллат барои мардуми кишвар, барои онҳое ки ин ё он ҳунарро дороянд, имконияти хуб фароҳам овард ва дар ин радиф дар саросари кишвар даҳҳову садҳо озмунҳо доир гардиду садҳо ҳунармандон кашф гардиданд. Бо иқдоми падаронаи шаҳсутуни миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандоне, ки дар хона корхонаҳои хурд доранд аз супурдани андоз озод карда шуданд. Вазорати фарҳанг, ки бевосита танзимгари эҳёи ҳунару ҳунармандӣ маҳсуб меёбад дар ин доира як зумра корҳои назаррасеро анҷом додаву ба анҷом расонида истодааст. Мутахассисони соҳа тибқи сафарҳои хидматӣ, тибқи баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо ҳунармандони зиёдеро пайдо намуданд, ки тарбияи ҷавонони ҳунарманд, дар тарбияи насли ояндасози миллат мусоидат хоҳанд кард. Банда низ як ҳафта пеш бо дастуру супориши Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ сафаре доштем ба ноҳияҳои Шаҳритузу Кубодиёни вилояти Хатлон ва сарфарозу қаноатманд баргаштам аз он диёри мардумони соҳибҳунар. Тавре, ки дар боло зикр намудем нест оилае, ки дар он се чор нафар дорои ҳунар набошад, бахусус дар оилаҳои мардуми равшанзамири Қубодиёну Шаҳритус, ки бевосита ошно гардидем, тули он рӯзҳои дар ихтиёрдошта ва аз миёни эшон ҳунару истеъдоди ҷавони ҳунарманд, мудири Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз Норқулов Суҳроб диққати маро ба худ ҷалб кард. Номбурда соли 1981 дар деҳаи Ёқуб Каримов таваллуд шуда, аз овони хурдсолӣ ба ҳунари дузандагию порагарӣ ва рассомӣ муҳаббати беандоза дорад. Ин муҳаббатро дар ниҳоди ӯ модари ҳунармандаш бедор намудааст. Бо ҳамин муҳаббат, бо ҳамин талошу навоварӣ соли 2000-ум Суҳроб мактаби миёнаро хатм намуда дар мактабе, ки худ дар он таҳсил намуда буд ба сифати муаллими фанни таълими меҳнат ва санъати тасвирӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Марги падар марги апаи ҷавонмаргаш Рӯзигул ва тарбияи ду фарзанди ноболиғи ӯ пеши амали намудани орзуҳои Суҳроби ҷавон, аниқтараш дар идомаи таҳсил ва рушди ҳунари ӯ монеа пеш меорад. Хӯронидану пӯшонидани аҳли оила ӯро водор менамуд, ки аз сари субҳ то нимаи шаб кор кунад. Пас аз шонздаҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ Сӯҳробро ба сифати мудири клуб дар бахши фарҳанги ноҳия ба кор даъват намуданд. Аз ин пеш ҳам ҳунари дастони ин ҷавони соҳибистеъдод зиннати ҷашнвораҳои ноҳия, зеби тани нозуки рақоссону сарояндагон буд, вале пас аз ба фаъолият шурӯъ намудан дар ин самт обрӯю нуфузи Суҳроб боло гардид. Зимни дидан намудан аз либосҳои омода намудаи Суҳроб аён гашт, ки ӯ сар то по ҳунар асту ҳунару истеъдодаш боиси дастгирӣ. Суҳроб бо ҳунари волои худ дар чандин озмуну фестивалҳо иштирок намуда сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардидааст. Доираи ҳунари ӯ васеъ аст ва бояд коргоҳи махсуси дузандагии худро дошта бошад. Дар тарбияи ҷавонони ҳунарманд ҳамчун устод саҳм бигирад, вале имрӯз аз ин имконият ӯ маҳрум аст. Ҳамчун як мутахассис умед бар он мебандам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ин ҷавони воқеан соҳибҳунавру соҳибистеъдодро қадр намуда дар кушодани мушкилоти ӯ мусоидат менамояд. Суҳроб аз иҷрои ҳама намуди ҳунар ба хубӣ мебарояд. Ҳам рассоми моҳир асту ҳам тарроҳи хуб, ҳам дӯзандаи чирадаст асту ҳам режиссёри дақиқназар. Аз ин рӯ мебояд мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳритус, бахши фарҳанги ноҳия ва дигар корхонаву идораҳо барои ин ҳунарманд ва дигар ҳунармандоне, ки бо ҳунари волои худ манфиат меоранд, шароит фароҳам оваранд. Мутмаинем, ки мисли Суҳроб Норқулов дар дигар гӯшаҳои дурдасти кишвар ҳастанд ҳунармандоне, ки ниёз ба муаррифӣ , ниёз ба дастгирӣ доранду ҳамчун ҳунарманд метавонанд дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҳиссаи арзанда гузоранд.

Қурбон Ғуломзода,

Сардори раёсати рушди муассисаҳои

фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент