Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахустнамоиши «Гумроҳон» дар Театри ҷавонон

 

Шоми 5 июли соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов нахустнамоиши «Гумроҳон» баргузор мегардад.


Муаллифи асар Далер Мирхонов буда, коргардони он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Эгамбердӣ Мингбоев мебошад.

Намоиш тамошобинро аз оқибати гаравидан ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва сафар ба Сурия ҳушдор дода, дар бораи мушкилиҳои бешумори фирефташудагон нақл мекунад. 

Нақшҳои марказиро дар намоиш Далер Мирхонов, Ватандор Шеров, Зарина Бадалова, Оимхон Қаюмова ва дигарон иҷро мекунанд.