Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КӮДАКОН МЕВАИ ШИРИНИ УМРИ ИНСОНАНД: дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

 

Тавре иттилоъ додем, имрӯз, 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бегоҳии ҳамин рӯз  дар амфитеатри боғи мазкур, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол ва сарояндагони маҳбуби онҳо барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки пас аз ба истифода додани «Боғи кӯдакон», ки дар доираи ташаббуси бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳазорон нафар насли навраси пойтахти мамлакат- шаҳри  Душанбе дар фазои сулҳу оромиши Ватан ва имкониятҳои дар ин боғ фароҳамовардашуда истироҳату фароғат ва шодию хурсандӣ мекарданд. Кӯдакон аз он хушҳол буданд, ки дар шаҳри азизамон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як боғи нав ба истифода дода шуд.

АМИТ «Ховар»