Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Коргардон» дар саҳнаи Театри ҷавонон

 

30 июни соли 2018 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши «Коргардон» рӯи саҳна омад.

Коргардони драмаи нав Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан миров буд, муаллифони он драмнависи афғон Абдуқодири Фаррух ва Мирзоватан Миров мебошанд. 

Намоиш оид ба муаммоҳои мубрами рӯз, мушкилоти театр ва зиндагӣ, омадани тамошобинон ба театр ва бардошти онҳо аз намоишҳо нақл мекунад. 

Нақшҳои марказиро дар намоиши нав Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Назирмат Мусоев ва Тағоймурод Розиқов, инчунин ҳунарпешагон Моҳпайкар Ёрова ва Далер Мирхонов иҷро кардаанд.