Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хатмкунандагони Коллеҷи фарҳанг хоҳиш доранд, ки таҳсилро дар макотиби олӣ идома диҳанд

Дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов тақсимоти хатмкунандагон дар соли хониши 2017-2018 сурат гирифт. Дар тақсимот раиси комиссия - мудири шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода ва ҷонишини раиси комиссия - директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Идрис Оқилов ва дигар аъзои комиссия иштирок намуданд.

Дар тақсимоти хатмкунандагон донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ, таълими мусиқӣ, эҷодиёти бадеии халқ (фолклор), менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд.

Донишҷӯёни дар шуъбаҳои буҷавӣ таълим гирифта баъди хатми муассисаи таълимӣ тибқи роҳхат ба муассисаҳои соҳаи фарҳанг ба кор мераванд. Қисми зиёди хатмкунандагон инчунин изҳори хоҳиш намуданд, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзона, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсилро идома диҳанд.