Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тавассути Корвони китоб китобхонаҳои ноҳияи води Рашт таъмин гардиданд

 

Давоми солҳои 2007-2017 китобхонаҳои ноҳияҳои водии Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Ляхш) дар чаҳорчӯби ду Барномаҳои давлатӣ: “Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” ва “Рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016-2020” тавассути Ҳаракати фарҳангии корвони Китоб аз тарафи Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” бо теъдоди 23129 нусха китоб ва васоити китобхонавӣ (формуляри хонанда, рӯзномаи китобхонавӣ ва ғ.) таъмин карда шудаанд.

Инчунин аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои ин ноҳияҳо 1115 нусха, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Т 21303 нусха, Ҳаракати ваҳдати миллӣ 249 нусха ва шаҳрванд Зафар Саидов 45 нусха китобҳои ройгон расонида шуд. 

Дар давоми солҳои зикргардида аз тарафи мақомоти дахлдори ноҳияҳои мавриди назар ҳамагӣ 19991 нусха китобу воситаи китобхонавӣ (формуляри хонанда, рӯзномаи китобхонавӣ ва ғ.) харидорӣ гардидааст. 

Хулоса, дар давоми 11 сол китобхонаҳои ин навоҳӣ бо 65 832 нусха китобу воситаи китобхонавӣ (формуляри хонанда, рӯзномаи китобхонавӣ ва ғ.) таъмин карда шудаанд.