Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни вилоятии мактабҳои санъат дар Бадахшон

 

8 июни соли 2018 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Озмуни вилоятии мактабҳои санъат ва мусиқии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Барои иштирок дар озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят истеъдодҳои беҳтарин даъват карда шуданд. Барномаи консертии хонандагон асосан бо истифодаи асбобҳои миллӣ таҳия гардида буд, ки ин далели шавқу ҳаваси хонандагон ба навозиши асбобҳои миллӣ буд. Ноҳияи Дарвоз бо думранавозон, Рӯшону Шуғнон бо асбобҳои миллии Бадахшонӣ, Мурғоб бо санъати хоси мардуми ноҳия, Роштқалъаву Ишкошим бо асбобҳои нафасӣ ва шаҳри Хоруғ бошад, бо рақсҳои кӯдакона мухлисони созу сурудро шод гардониданд.

Дар озмун инчунин намоиши ҳунарҳои дастии хонандагони шӯъбаи рассомии мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳо, дастранҷҳои кӯдакона дар рӯи матоъ, коғаз, чӯб, хокаи махсус, флизил, маҳсулоти пашмин ва муина ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки хеле ҷолиб ва диданӣ буд.


Боиси зикр аст, ки аз моҳи апрели соли равон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз тарафи ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон», ансамбли «Эҳё», бахши фарҳанги ноҳияи Шуғнон, ҳунармандони комендатураи ҳарбии шаҳри Хоруғ ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуда, ин чорабиниҳо то моҳи ноябри соли 2018 идома хоҳанд ёфт.