Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хониши идоравӣ дар Вазорати фарҳанг

 

11 июни соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ба чорабинӣ инчунин сармутахассиси шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Икромова даъват шуда буд.

Дар чорабинӣ мутахассиси пешбари Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Бобошоева оид ба фаъолияти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти магистрҳо дар соли таҳсили 2017 маълумоти муфассал дод. 

Мавлуда Бобошоева, ки соли 2017 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонр хатм намуда буд, дар бораи ҳадафҳои донишкада, фаъолияти он дар баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи шарикони донишкада ва фаъолияти Намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон тариқи презентатсионӣ гузориши пурмазмун ироа намуд. 

Дар фарҷом байни меҳмони чорабинӣ, маърузачӣ ва иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.