Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Шаҳристон дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ Қасри нави фарҳанг ба истифода дода мешавад

 

Ба ифтихори Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншоотҳои иҷтимоиву фарҳангӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар ин радиф дар ноҳияи Шаҳристон Қасри фарҳанги замонавӣ бунёд гардида истодааст. 
Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 6 утоқи корӣ ва толори консертии барҳаво бо 600 ҷойи нишаст мебошад.