Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе «Маҷмӯаи осор»—и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ мешавад

 

13 июни соли равон, соати 15:00 дар Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии «Маҷмӯаи осор»—и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, мунаққид, адабиётшинос ва доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким, ки аз 7 ҷилд иборат аст, баргузор мегардад.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Академияи илмҳо Машраби Абдулло ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои номбурда, китоби мазкур моҳи январи соли 2018 нашр шуда, ҷилдҳои якум ва дуюми маҷмӯа фарогири мунтахаби шеъру достон ва манзумаҳои муаллиф мебошанд. Ҷилдҳои сеюм ва чорум  таҳқиқҳо ва мақолаҳои илмии Аскар Ҳакимро дар бар мегиранд. Дар ҷилди панҷуми мунтахаб мақола, портрет ва мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд, ки хонанда метавонад бо рӯзгору осор ва мавқеи адибон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон шинос шавад.

Тарҷумаи «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, шеърҳои М. Лермонтов, Расул Ғамзатов ва дигар осори назмиву насрии адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами Аскар Ҳаким тааллуқ доранд, дар ҷилди шашуми мунтахаб гирдоварӣ шудаанд.

Ҷилди ҳафтуми китоб «Гуфтор дар бораи худ» ном дошта, хотироти муаллиф ва силсилаи мақолаҳои муҳаққиқонро доир ба рӯзгор ва осори Аскар Ҳаким фаро гирифтааст.

АМИТ «Ховар»