Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш иштирок намуд

8 июни соли 2018 таҳти Раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, таҳти №256 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» баррасӣ гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи мазкур чунин андешаронӣ намуд:

Муҳтарам Раис ва Вакилони мардумӣ,
Асоси системаи байналмилалии ҳуқуқи муаллифро конвенсияҳо ва аҳдномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳо ташкил медиҳанд. Мақсади асосии созишномаҳои умумиҷаҳонӣ аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо ва ҳимояи ҳадди ақали манфиатҳои муаллифони узви аҳднома мебошад.

Ҳар сол аз миллионҳо китобҳои нашршуда дар ҷаҳон танҳо 1,7 фоиз барои зиёда аз 314 миллион нафари шахсони нобино ва дорои нуқсони биноиш, ки 90 дар сади онҳо дар мамлакатҳои рушдёбандаи бо сатҳи ками даромад зиндагӣ мекунанд, дастрас мегардад.

Барои ҳалли масъалаи мазкур, ки одатан «гуруснагии ҷаҳонии китобӣ» меноманд 27 июни соли 2013 аъзоҳои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) намояндагони 186 кишвари аъзо ва ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, дар маҷмӯъ 600 нафар дар баррасии матни «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» (Шартномаи Марокаш) иштирок доштанд ва онро қабул намуданд. Шартномаи мазкур баъд аз ҷониби 20 давлат тасдиқ шуданаш 30 сентябри соли 2016 ба қувваи қонунӣ даромад. Дар он ҷанбаҳои инсондӯстӣ ва иҷтимоӣ ифода ёфта, мақсади асосии он муқаррар намудани номгӯи маҳдудиятҳо ва истисноҳо вобаста ба асарҳои нашр шудаи муаллифон ба манфиати нобиноён ва шахсоне, ки биноияшон халалдор гардидааст ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда, мебошад.

Шартномаи мазкур, ки асосашро меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад ва он мухтасар дар Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ифода ёфтааст.

Дар Шартнома нақши асосии ташкилоти давлатӣ ва ѓайридавлатиро ҷиҳати таъмин намудани дастрасӣ ба мавод дар шаклҳои гуногун барои нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда, зикр шудааст.

Ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Шартнома иҷозат медиҳад, ки асарҳо ё аудиосабтҳои онҳо барои нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида, бо истифода аз ҳарфҳои нуқтагӣ ва дигар навъҳои махсус барои нобиноён бе иҷозати муаллифон нашр ва истифода карда шаванд, ки дастрасии иттилоот барои онҳо осон мегардад ва дар баробари ин ҳуқуқҳои муаллифон бе асос поймол карда намешаванд.

Шартнома талаб мекунад, ки тарафҳо нисбати ҳуқуқи муаллиф маҷмӯи маҳдудиятҳо ва истисноҳоеро, ки вобаста ба асарҳои нашршудаи муаллифон муқаррар гардидааст, тавассути мақомоти ба бенефитсиарҳо хизматрасонанда, анҷом диҳанд.

Дар Шартнома дақиқ нишон дода шудааст, ки бенефитсиар – шахсе ҳисобида мешавад, ки нобино ва биноияш халалдоргардида мебошад ва ӯ барои хондани маводи чопӣ мушкилӣ мекашад.

Шартномаи Марокаш инчунин талаб мекунад, ки Тарафҳои аҳдкунанда дар қонунгузории миллии худ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф маҳдудиятҳо ё истисноҳоро ба манфиати онҳо пешбинӣ намоянд. Ҳуқуқҳое, ки ба чунин маҳдудиятҳо ё истисноҳо паҳн мешаванд ин ҳуқуқ ба таҳия намудан, ҳуқуқ ба паҳн намудан ва ҳуқуқ ба маълумоти умум расонидани асар, мебошад.
Ҳифзи манфиатҳои шахсони нобино дар банди 6, м. 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» зикр гардидааст, вале масъалаи мазкур дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳалли худро наёфтааст.

Дигар талаботи ин Шартнома ба Тарафҳои аҳдкунанда иҷозат медиҳад, ки берун баровардан ва дохил кардани нусхаҳо дар шакли дастрас бо риоя намудани шартҳои муайян, амалӣ гардад.

Санҷиши сезинагӣ яке аз принсипҳои асосӣ барои муайян кардани маҳдудиятҳо ё истисноҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, истифода мешавад. Дар ин ҷо се омил мавҷуд аст, якум ҳар кадом маҳдудиятҳо ва итисноҳо бояд дар ҳолатҳои махсуси муайян истифода ва паҳн шаванд, дуввум бояд ба истифодаи мӯътадили асар халал нарасонанд ва севвум манфиатҳои қонунии соҳибҳуқуқро беасос маҳдуд насозанд.

Қоидаҳое, ки дар Шартномаи Марокаш муқаррар шудааст, танҳо асарҳои дар шакли матн, сабти нотавӣ, ки нашр шудаанд ва ё ба тариқи дигар воситаҳои иттилоотонӣ, аз ҷумла аудиокитобҳоро дар бар мегирад.

Ҳамзамон қабули чунин санад барои рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар байни аъзоёни Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ва барои иштироки чунин шахсон дар ҳаёти фарҳангӣ, мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Шартномаи мазкур ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ягон оқибатҳои эҳтимолии ногувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва моливию иқтисодиро ба миён намеорад.

Аз маълумотномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ маълум мегардад, ки аксар кишварҳои рушдёбанда ва камрушдёфта ба Шартномаи мазкур ҳамроҳ шуданд, тасдиқ намуданд ва ё дар ин раванд қарор доранд. То ба имрӯз 38 давлат узви ин Шартнома мебошанд.

Барои ҳамроҳшавӣ ва татбиқи Шартномаи мазкур, аз буҷаи давлат маблаѓи иловагӣ талаб карда намешавад.

Вакилони муҳтарам, ҳамроҳ шудан ба Шартномаи мазкур ҳуқуқи муаллифони моро маҳдуд намекунад ва танҳо барои истифодаи асар аз ҷониби нобиноён, шахсони биноияшон суст ва онҳое, ки қудрати китоб дар даст нигоҳ доштанро надоранд, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои дар боло зикргардида, хоҳиш мекунам, ки ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шартномаи мазкур, ҷонибдорӣ намоед.