Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хониши идоравӣ дар Вазорати фарҳанг

 

7 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравии навбатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои пурмазмун таҳия намуда, манзури ҳозирин намуданд. 

Сармутахассиси Раёсати табъу нашр ва матбуот Гулбутта Хусравбекова дар мавзӯи «Мубориза бар зидди терроризм ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад» маъруза кард.

Мутахассиси раёсати мазкур Абдувалӣ Мирзомуддин дар мавзӯи «Мазмун ва мӯҳтавои китоби Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» ва Танзим баракати зиндагист» баромади пурмазмун намуд.

Сипас байни баромадкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ, ки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг буданд, суолу ҷавоб сурат гирифт.