Сомонаи пешина | Ҷм, 17 Август 2018 | 07:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гурӯҳи кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба кори худ оғоз кард

7 июни соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ дар самти муайян намудани беҳтарин боғ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Озмун мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №АП-1044 ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф вобаста ба муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба бунёд ва барқарорсозии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. 

Мақсади баргузории озмун ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоиди зисти шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва маданияти шаҳрдории сокинони пойтахт мебошад.

Дар ҷаласа муовини Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ – Раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, роҳбари гурӯҳи корӣ – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ва аъзоёни комиссия, ки намояндагони Вазорати молия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо занон ва оила, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Академияи илмҳои кишоварзӣ, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буданд, иштирок доштанд. 

Инчунин ба ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳибзода барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи корӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват шуда буд, ки дар рафти ҷаласа пешниҳодҳои ҷолиб ва муфид намуд.


Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии озмун, аз ҷумла тартиби баргузории озмун, нишондиҳандаҳои муқарраргардида дар самти интихоби боғи беҳтарин ва усули баҳогузории боғҳо, муайян намудани мавзеъҳои ҷойгиршавии боғҳо баррасӣ гардиданд.
Муовини Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ – Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар тақсимоти вазифаҳо байни гурӯҳҳои кориро муайян сохт ва пешниҳодҳои мушаххас ворид намуд.

Муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Валиев ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал Ёқуб Исмоилзода, ки ҳамзамон муовини роҳбари гурӯҳи кории Комиссияи ҷумҳуриявии озмун аст, барномаҳои дахлдорро ба таври презентатсионӣ манзури иштирокчиёни ҷаласа намуданд. 

Дар фарҷом байни иштирокчиёни маҷлис суолу ҷавоб сурат гирифт.