Сомонаи пешина | Сш, 16 Октябр 2018 | 08:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазири фарҳанг

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи Раиси Шӯрои директорони ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» Ибод Шарифӣ номаи сипос омад.

Дар матни нома Ибод Шарифӣ ба Вазири фарҳанг барои мусоидат дар омодагӣ ва баргузории Форуми байналхалқии ҷавонон дар мавзӯи «Нигаҳдории мероси маданӣ ва фарҳангӣ дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил», ки аз 14 то 19 майи соли 2018 дар истироҳатгоҳи «Явроз»-и дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат баргузор гардида буд, изҳори сипос намудааст. 

Инчунин дар нома иштироки фаъолонаи кормандони Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Озар Баҳромзода ва Муҳаммадҷон Тиллоев дар омодагӣ ва рафти форум махсусан қайд гардидааст.