Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти оркестри симфонӣ бахшида ба 15-солагии Консерватория

 

5 июни соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба 15-солагии Консерватория консерти оркестри симфонӣ баргузор гардид.

Ба барномаи консертӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, мутахассисону коршиносон, собиқадорони соҳа ва ҳаводорони мусиқии классикӣ даъват шуда буданд. 

Дар барномаи консерти асарҳои классикони ҷаҳон В. А. Мотсарт, Ж.

Бизе, Ф. Менделсон, инчунин осори композиторони ватанӣ дар иҷрои устодон ва донишҷӯёни муассиса манзури аҳли толор карда шуд.