Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос аз Вазири корҳои хориҷӣ

 

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов номаи сипос омад.

Дар матни нома Вазири корҳои хориҷӣ ба Вазири фарҳанг барои кӯмак ва мусоидат дар баргузории Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки 12 майи соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи Ирам баргузор гардида буд, изҳори миннатдорӣ менамояд. 

«Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонон ва сокинони пойтахт хуб пазируфта шуда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибтамаддун ва дорои таърихи куҳану фарҳанги пурғановат муаррифӣ намуд»-омадааст дар матни нома.