Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Хоби ҳамдуна» дар Форуми байналхалқӣ диплом «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» ба даст овард

31 майи соли 2018 дар Севастопол тантанаи пушидашавӣ ва супоридани дипломҳо ба ғолибони Форуми байналхалқии кино «Золотой Витяз» баргузор гардид. Дар форуми мазкур, ки аз 22 то 31 майи соли 2018 ҷараён дошт, зиёда аз 140 филмҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ аз 28 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Форуми байналхалқии кино «Золотой Витяз» иттилоъ медиҳад. Филми «Хоби ҳамдуна»-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар бахши «Филмҳои дебютӣ ва донишҷӯӣ» сазовори диплом «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» гардид. Боиси зикр аст, ки филми «Хоби ҳамдуна» соли 2016 аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс дар жанри нуар ба навор гирифта шудааст. Соли 2017 ба ҳунарпеша Баҳодур Миралибеков барои нақши асосӣ дар филми мазкур дар озмуни «Ак илбирс» (Қиризистон) ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи марказӣ» супорида шуда буд. Инчунин ҳамон сол филми «Хоби ҳамдуна» дар кинофестивали «Адабиёт ва кино» («Литература и кино») дар Гатчина ду ҷоиза ба даст оварда буд.