Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Лоиқ аз шеър пайкараи миллатро бунёд кард»-бардошт аз конфронс

 

«Нақши устод Лоиқ Шералӣ дар руши забони миллӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ кушода, роҷеъ ба нақши Лоиқ Шералӣ дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол, саҳми ў дар хусуси ба меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ намудани забони шеър, хизмати ин бузургмард барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ сухан кард.

Сипас, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён дар маърўзаи худ «Вижагиҳои забони ашъори Лоиқ» баёни андеша намуда, қайд кард, ки «шоир дар  вожасозии хосаи худ ҳамто надорад, ки мо инро дар намунае аз хирвори ин навгониҳо,  аз қабили арбада, арғушт, мушкистон, хушкистон,  шохборон, шакарнам (борони сим-сими майда), полован (ширполо, яъне софӣ), кўрхат, ҷешил (регзамин, шахзамин), ҷамолак, лангарчӯб,  пажвок,  офтобгардон, рошидан, чакод, карошидан, карочидан (ғут-ғути мокиён), мурдаоби мурдадил, ёдмон (хотира), ғофилмарг, шўша бастан, шеърборон, шарористон, кӯрзавқ, заминпаймо, чойгаштак, парвозгаҳ, торон, хандарез мушоҳида ва дарк мекунем, ки ба забони адабии меъёри мо ворид  гардидаанд».

Дар идома доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод ибрози назар карда, зикр намуд, ки чӣ қадаре  аз замони зиндагонии Лоиқ дур мешавем, ҳамон қадар меҳри ў дар дили мо бештар маъво мегирад, зеро  осори ў мисли оинаест, ки дар он як пораи таърихи мардуми мо бо рангҳои гуногун бозтоб ёфтааст. «Лоиқ аз шеър пайкараи миллатро бунёд кард, ки  забон, ватан, ҳувият ва худшиносии миллӣ ҷузъҳои муҳимтарини онанд. Аз ин рў, метавон забон ва Ватанро ду рукни муҳимтарини миллатсоз дар осори ў ном бурд»,-афзуд ӯ.

АМИТ «Ховар»