Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ОИЛАИ ОФТОБИИ МАН!». Таҳти ҳамин унвон дар мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гашт

 

Бахшида  ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар мактаб–интернати  №3-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Оилаи офтобии ман!» доир гардид. Муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ   ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат  паёми  табрикии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро расонид.

М.Муинӣ зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.

Баъди тамошои  барномаи ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ  тарбиятгирандагони мактаб – интернат сари  хони идона нишастанд.

Сипас ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат  аз ҷониби  роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов  туҳфаҳо тақдим гардид.    

Ёдовар мешавем, ки мактаб-интернати махсуси №3 соли 1968 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфта,  дар он  хонандагоне ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд, ки  падару модар надоранд  ва ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Дар мактаб-интернати мазкур  кӯдакони имконияташон маҳдуд  дар баробари таълим  бо ҷойи хоб, 4 вақт хӯроки гарм ва либос таъмин  мешаванд. Тамоми  хароҷоти мактаб – интернат аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт  мешавад.

АМИТ «Ховар»