Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 22:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи майдоначаи кӯдакона ва майдоначаи варзишӣ аз ҷониби Вазири фарҳанг

Субҳи 1 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар маҳаллаи 103 шаҳри Душанбе кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 42/1 майдончаи кӯдакона ва майдончаи варзишии муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд.

Дар ифтитохи майдончаи варзишӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, намояндагони муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг, кӯдакони маҳалли гирду атроф ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Ифтитоҳи майдончаҳо зери оҳанги шӯхи карнаю сурнай оғоз гардид. Кӯдакони хушбахт ба истиқболи меҳмонон дар васфи Модар – Ватан шеърҳо хонданд, ва ба майдончаҳо ворид шуда, машғули бозӣ гардиданд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ҳозиринро бо ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва майдончаи кӯдакона, инчунин хурдтараконро бо Иди кӯдакон шодбош гуфт. 

«Имрӯз шаҳри Душанбе гулдони бузургеро мемонад, ки кӯдакон гулҳои наврустаю навшукуфтаи он мебошанд. Бунёди майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе боиси хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гашта, симои пойтахтро зебову дилоро мегардонад. Шаҳри Душанберо биҳишти рӯи замин меноманд ва он дар ҳақиқат ба биҳишт табдил ёфта истодааст», - иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода. 

Сипас барномаи шӯхи консертӣ манзури ҳозирин гардид. Ба кӯдакони маҳал аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кӯдакон тӯҳфаҳо аз қабили лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд. 

Майдончаи кӯдакона ва майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо сохта шуданд.

Майдончаҳо бо маблағи 730 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар сохтмони онҳо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтор ҳар ҳафта бо ташкили ҳашари шанбегӣ ҳисса гузоштаанд.