Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тобасанг ва тобасангтарошӣ

tobasangИстифодаи касбу ҳунар яке аз омилҳои рӯзгузаронии мардум ба шумор рафта, дар гузашта ва имрӯз вобаста ба талабот маҳсулоти онҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Дар иртибот ба давру замон, талабот ва шароити зисти мардум баъзе ҳунарҳо аз байн рафта, баъзеи онҳо ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои кӯҳистон мушоҳида мешаванд.

Масалан, ҳунари тобасангтарошӣ ё истифодаи худи тобасанг дар гузаштаи начандон дур миёни мардум маъмулӣ буд, вале дар замони муосир бо пайдо гардидани технологияҳои навин ин навъи ҳунар ангуштшумор гардид. Ҳангоми пажӯҳишҳои майдонӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳунари тобасангтарошӣ мушоҳида гардид, ки қаблан дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба назар нарасида буд. Бояд ёдовар гардид, ки ҳунари тобасангтарошӣ, ки дар гузашта маъмулӣ буд, ҳанӯз дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба қайд гирифта нашудааст.

Тобасанг ё худ санги тобагӣ аслан, миёни мардуми кӯҳистон маъмулӣ буда, вазифаи танӯр ё тафдонро иҷро мекард. Тобасанг шакли гирд дошта, аз ҷиҳати ҳаҷм на он қадар калон мебошад. Ғафсии санг 3-4 см ва қутри он аз 35 то 40 см-ро ташкил медиҳад. Тобасанг ҳамчун танӯри сайёр хидмат намуда, барои ҳамроҳ гирифтан дар кӯҳу пуштаҳо хеле мувофиқ мебошад. Онро бештар чӯпонҳо истифода намуда, бо он дар айлоқ нон мепазанд. Тобасангро тоза карда, дар рӯи оташ ё чакдон мегузоранд ва рӯи он каме равған мемоланд, то ки ҳангоми пухтан нон дар рӯи он начаспад. Хамири он монанди хамирҳои муқаррарӣ буда, вобаста ба ҳаҷми тоба тунук карда мешавад. Баъд аз гарм шудани тобасанг нони росткардашударо дар болои он мегузоранд. Як тарафи нон, ки сурх шуд, тарафи дигарашро мегардонанд. Чунин нонро нони тобагӣ ё тобасангӣ мегӯянд.

Дар “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” дар бораи тобасанг маълумоти бештаре дода шудааст, аммо муаллифи он мақола зимни тоба зарферо дар назар доштааст: “Тоба (това) асбоби қадимии рӯзгори мардумӣ, зарфи маъруфест маъмулан барои омода кардани таомҳои фаврии саридастӣ. Тоба дар рӯзгори мардуми тоҷик, бахусус кӯҳистониён аз даврони хеле қадим роиҷ буд. Ҳамчунин маълум буд, ки тобасангро шубонҳои дамангард барои пухтани баъзе анвоъи таомҳои гӯштӣ, ки маъмулан “тобагӣ” номгузорӣ шудаанд, истифода менамуданд. Аслан мардуми манотиқи кӯҳистон санги нисбатан тунуки ҳамвори суфтаро тобасанг ихтиёр мекарданд, онро тоза мешустанд, дар болои оташ гузошта метафсонданд ва хӯрокашонро мепухтанд. Дар ин тобасангҳо ҳамчунин, гандум ва ҷавро барои омода кардани талқон бирён мекарданд, гӯшти чорпову парранда ва моҳӣ мепухтанд. Ҳатто дар чунин тобасангҳо нон ҳам мепухтанд. Ҳамчунин аз хамирмоя як навъ нонро рост карда, дар он мепухтанд, ки “қотурма” ном дошт. Баъдан зарфҳои паҳну амиқи филиззии дастадору бедаста роиҷ гаштанд, ки ҳоло таббохон аз навъҳои гуногуни тобаҳо истифода мекунанд”.

Ҳунарманде, ки дар бораи ин навъи ҳунар суҳбат доштем, сокини деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросон Ҳасанов Раҳматулло (с.тав. 1953) мебошад. Ӯ пешаи сангтароширо аз падараш омӯхта, аз соли 1983 инҷониб бо тарошидани санги тоба машғул аст. Бино ба гуфтаи сангтарош имрӯзҳо низ аз ин навъи санг мардуми кӯҳистон ва махсусан, чӯпонҳо истифода мебаранд.

Тибқи гуфтаи Ҳасанов Раҳматулло, барои сохтани тоба пеш аз ҳама интихоби санг муҳим аст, сангро аз деҳаи Қизилқишлоқи ноҳияи мазкур рафта меорад. Чи тавре ки аз номи деҳа маълум аст, “Қизил-қишлоқ”, яъне «деҳаи сурх» (бо забони ӯзбекӣ) мебошад, ки ин деҳа дар наздикии кӯҳест, ки сангҳои сурх дорад. Барои сангтарошӣ сангҳои қабат-қабатро интихоб мекунад, ки ба санги осиёб монандӣ дорад. Усто ҳангоми ба кӯҳ рафтан, аввал сангро интихоб карда, лаби кӯҳпораро каме бо (зубил) шикаста мушоҳида мекунад. Агар байни сангҳо қабат-қабат хат дошта бошад, пас барои тарошидан мувофиқ аст. Барои сангтарошӣ асбобҳои ба монанди зоғнӯл, путк, тешаи махсуси сангканӣ ва фонаи оҳанинро истифода мекунанд. Ҳаҷми санге, ки тарошида мешавад, бояд аз 40 см кам набошад, вагарна дар болои чакдон онро гузошта намешавад. Баъзан аз ин ҳам калонтар месозанд. Азбаски роҳҳо барои мошингардӣ мувофиқ нест, сангҳои кандашударо бо воситаи хар ба хона меорад.

Баъди ба хона овардан, тавассути асбоби оҳанбурии барқӣ (болгарка) онро суфта мекунад, ки дар муқоиса бо замонҳои пеш хеле корашро осон кардааст. Дар гузашта сангро бо бел суфта мекардааст: нахуст, белро суҳон карда, “тез” мекунад сипас, бо бели тез сангро об пошида, тарошида-тарошида, ҳамвор мекардааст. Агар санг ғафс бошад, тавассути искана канда-канда онро тунук мекунад. Сангро гирд тарошида, бо регкоғаз (наждачная бумага) молида суфта мекунад, ки вазнашон то 10 кг мешавад. Ҷараёни тарошидани санги тоба ба мисли тарошидани санги осиёб буда, нисбати он хурдтар ва меҳнаташ камтар аст.

Усто бо изҳори қаноатмандӣ мегӯяд, ҳоло ҳам мардум аз маҳсулоти сохтааш истифода мебаранд, аз ноҳияҳои Ёвон, Ҷайҳун ва Ҷалолидини Балхӣ омада фармоиш медиҳанд, махсусан, лақайҳо ва чӯпонҳо дар айлоқ истифода мебаранд. Инчунин, дар оилаҳои хурд низ дар ин намуди тоба нон мепазанд, ки дар он харҷи ҳезум нисбатан камтар мебошад.

Мардумшинос Д. Раҳимӣ истифодаи тобасангро аз ҷониби чӯпонҳо низ дар як мақолааш ишора кардааст: “Инчунин дар болои тобасанг фатири тобагӣ мепухтанд. Болои оташдони лахчадор санги ҳамворро гузошта метафсонданд, сипас хамирро тунук карда, болои он мегузоштанд ва бо чӯбча мисли нонпар мезаданд. Тобаи оҳанин ҳам буд, он аз оҳани даврашакли ҳамвор иборат буд”.

Вазифаи санги тоба танҳо дар он пухтани нон нест, чи тавре дар боло ишора гардид, дигар анвоъи хӯрданиро низ омода мекунанд. Дар санги тоба бештар гӯшт мепазанд, ки лаззати махсусе дорад. Дар ин бора дар китоби “Фарҳанги моддии тоҷикони болоби Зарафшон” қайд гардидааст, ки “Ба ҳамин монанд хӯрокро гӯшти товагӣ ё товасангӣ мегӯянд: сангро дар оташ мегузоранд. Баъди сурх шуданаш онро аз хокситар тоза карда, рӯи он оҳиста-оҳиста гӯшти намакинро мемонанд. Чунин тарзро бештар шикорчиён ва чӯпонҳо омода мекараданд”.

Ногуфта намонад, ки мурғкабобе, ки имрӯз дар равған зери бори оҳан ё санг мепазанд, табака ном дорад ва ин калима шакли русишудаи вожаи тобагӣ мебошад. Тобаҳои сангиро дар деҳот бисёр истифода карда, дар он таҳмол, сатрӣ ва ҳатто дар арафаи ҷашни Наврӯз суманак омода мекарданд, ки “суманаки тобагӣ” ё “суманаки нонӣ” ном дошт. Суманаке, ки дар тоба пухта мешуд, таъми он хеле болаззат мебошад, чунки тобаи сангӣ дар оташ хеле дер гарм шуда, як ҳарорати муайян дошт. Аз ин сабаб муҳтавои суманак дар он қабат бо қабат мепухт.

Дар гузашта миёни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифодаи тобаҳои сангӣ ва филиззӣ хеле васеъ буд, имрӯзҳо он ашё аҳёнан ба назар мерасанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар аксарияти хонадонҳо истифодаи тафдонҳои барқӣ бештар гардидааст. Чунин тафдонҳои хушсохти замонавӣ кори кадбонуҳоро дучанд осон мекунад ва онҳо метавонанд бидуни ягон хел дуд ҳарорати гармиашро пасту баланд кунанд.

Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки то кунун миёни мардум ҳунари санги тобатарошӣ ва истифодаи он аз ҷониби бархе одамон мушоҳида мегардад, ки ин омил боз ҳам аз талаботи мардум вобастагӣ дорад.

Холмуродов Зафар
Мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ
ПИТФИ