Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нонпарсозӣ дар ноҳияи Панҷ

nonparИмрӯзҳо бо пайдо гардидани техника ва технологияи муосир ҳанӯз ҳам мардум аз маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ дар кору зиндагии рӯзмарраи худ васеъ истифода мебаранд, ки омили асосии ин падида талабот ва ниёзи мардум мебошад. Барои мисол метавон гуфт ки касбу ҳунарҳои оҳангарӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, бофандагӣ, созтарошӣ, танӯрсозӣ ва амсоли инҳо ҳанӯз ҳам фаъол буда, мардум аз маҳсулоти сохтаи онҳо ба пуррагӣ истифода мекунанд. Ин омил метавонад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дарозумрии унсурҳои фарҳанги ғайримоддии мардуми тоҷик мусоидат кунад. Андешаҳои мо дар экспедитсияҳои мардумшиносӣ тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо исбот мегардад.

Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Меҳвар бо як оилаи ҳунарманде, ки ба ҳунари чӯбкорӣ машғул буданд, мулоқот намудем. Ҳангоми мусоҳиба бо модари хонадон Раҳимова Мавҷигул маълум гардид, ки аз ҷониби занон, яъне духтару келинҳо бештар нонпар омода менамоянд. Дар рафти мусоҳиба маълум гардид, ки бонувони ин хонадон баробари мардон ба омода кардани оштахта, тирак, миз, нонпар ва дигар асбобҳои рӯзғор, ки аз чӯб сохта мешаванд, машғул буданд. Бонувони ҳунарманди ин хонадон дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ пайваста иштирок намуда, борҳо бо ифтихорномаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Нонпар навъе аз ашёи муҳими рӯзмарра, махсусан барои кадбонувон дар ҳар як хонадони тоҷик ба шумор рафта, дар ҳар маҳал бо номҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ин асбобро бештар барои оро додани болои нон истифода мебаранд. Истилоҳи нонпар дар «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» чунин шарҳ ёфтааст:

«Нонпар, نانپر дастаи ба ҳам бастаи пар ё олати чӯбин мӯҳрашакли мехчакӯб, ки нонвоён онро ба рӯи заволаи росткардаи нон мезананд, то ки нон ҳангоми пухтан надамад ва рӯяш зебо бошад».

Дар китоби «Энсиклопедияи советии тоҷик» мафҳуми нонпар дар шакли нисбатан васеъ шарҳ дода шуда, функсияҳои иҷроиши онро мардумшинос М. Ҳомидҷонова ба тариқи зайл баён намудааст: «Нонпар, нонпарак, мухпар асбобест дар анвоӣ, ки бо он нонро пар мезананд. Нонпарро аз чӯб, чӯбу сим ва як даста пар (пари кабк, мурғ, мурғобӣ ва ғайра) месозанд. Баъд зуволаро рост кардан ба рӯйи он нонпар мезананд, то ки нон ҳангоми пухтан надамад ва рӯяш зебо бошад».

Аз сарчашмаҳои боло ва нақли гӯяндагон муайян мегардад, ки дар солҳои пешин нопарро махсус аз пари мурғ омода мекарданд. Яъне пари мурғро ҷамъ намуда якҷоя як даста карда, бо ресмон мебастанд ва ба рӯи нонро кӯбидан истифода менамуданд.

Раҳимова Мавҷигул оид ба тарзи таҳияи нонрпар чунин маълумот дод: чӯби бедро гирифта мувофиқи андоза дар дастгоҳи барқӣ бурида, рӯяшро бо қалам нақшҳои гуногун аз қабили ситорача, дил, гули садбарг, гирдак ва амсоли инҳо мекашанд. Мехи 3 см.-ро гирифта, қисматҳои болоияшонро бо қайчии махсуси оҳанбурӣ ҷудо менамоянд. Сипас бо болға мехҳоро ба рӯи нақши кашида ба андозаи муайян ва начандон наздик ба ҳамдигар қатор мекӯбанд. Барои он нонпарро аз чӯби бед месозанд, ки бед нисбати дигар навъи чӯбҳо сабук ва дар навбати дигар мустаҳкам будааст. Яъне нонпарҳои аз чӯби бед сохташуда, барои мардум муддати мадид хидмат менамудааст. Дар гирду атрофи нонпар ранги махсус (лак) молида, барои хушконидан як шабонарӯз дар ҷои соя мегузоранд. Мувофиқи завқи худ баъзан ҳунармандон гирду атроф, махсусан дастаи онро бо усули кандакорӣ низ оро медиҳанд. Тибқи гуфтаи ҳунарманд пештар ба ҳунари кандакорӣ духтараш – Маҳмадова Парвина машғул будааст.

Айни замон бошад, Маҳмадова Парвина дар дигар ноҳия оиладор шудаасту ҳунарашро дар он ҷо идома дода истодааст. Тавассути ҳунари чӯбкориаш ин зани ҷавон зиндагиашро пеш бурда истодааст. Ҳатто шавҳараш аз вай илҳом гирифта, айни замон ҳунари чӯбкориро пеша намудааст ва онҳо якҷоя ба ин касб машғул мебошанд. Агарчи нонпар дар назар як ашёи хурд ва муқаррарӣ намояд, ҳам мавқеи истифода ва ҷанбаҳои фарҳангии он хеле васеъ аст. Чунончи барои ороиши нонҳои идонаву гуногуни ҷашнӣ нақшҳои дар нонпар буда, нақши хеле калонро мебозад. Бинобар гуфтаи ҳунарманд барои нонвойхонаҳо низ навъҳои зеботару нафиснақшёфтаи нонпарҳоро фармоиш медиҳанд. Маҳз чунин омилҳо боис бар он гардидаанд, ки ҳунарманон низ вобаста ба тахайюл ва завқи бадеияшон нақшҳои гуногуни онро офаранд. Масалан, барои пухтани озуқ дар ин минтақа танҳо як навъи он, нақши оддии гирдак истифода мешавад. Зимни омода намудани озуқ, яъне ҳангоме, ки хамирашро мешӯранду дар шакли фатир тунук мекунанд, ба рӯяш тавре нонпаррро мекӯбанд, ки нақшаш пас аз пухтани он шаклашро дигар намекунад. Маъмулан, озуқро дар шакли фатир омода карда, болояш нонпар мекӯбанд ва баъдан онро бурида, дар равған мепазанд.

Ҳамин тариқ, барои кулчаҳо нонпари нақши ситорадошта ва барои дигар навъи нонҳои идона нақшҳои боз ҳам зеботар ва ҳатто баъзан навиштаҷотдошта истифода мешавад. Чуноне зикр гардид, ин омилҳо ба он боис мегарданд, ки мардуми маҳаллӣ барои хонадони худ чанд навъи нонпарро харидорӣ менамоянд, то ин ки дар мавриди даркорӣ ва ҷашну маросимҳои оилавиашон бемалол аз нонпарҳои шахсии худ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати дигар нонпар ашёи начандон гаронарзиш буда, ҳамеша харидорони худро дорад. Нонпар намунаи ҳунариест, ки мавсими муайян надорад ва он пайваста омода карда мешавад. Чуноне ки ҳунармандон иброз намуданд, ба ғайр аз мардуми маҳаллӣ боз сайёҳон ҳам аз он харидорӣ менамоянд.

Дар маҷмӯъ, нонпар ашёест, ки он барои ҳаёти ҳаррӯзаи мардум муҳим шуморида мешавад. Аз рӯи мушоҳидаҳо медонем, ки ягон хонадони тоҷикро бе нонпар тасаввур кардан ғайримкон аст. Ҳамзамон ҷанбаҳои фарҳангии он низ хеле зиёд буда, ҳатто онро дар қатори нон то андозае муқаддас мешуморанд. Баъд аз истифода нонпарро дар ҷойҳои муайян, махсусан, ҷойҳои баландӣ мегузоранд, то ин ки пеши пой наафтад, зеро он бо нон пайвастагӣ дорад. Шояд ин амал то ҷое ҷанбаи гигиенӣ ҳам дошта бошад. Аммо ба ҳар сурат метавон гуфт, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик нонпар хеле муҳим ва муқаддас шуморида мешавад. Дар баробари нонпар ҳунарманди нонпарсоз ҳам мавриди эҳтироми ҷомеа қарор дошта, бинобар гуфтаи худи ҳунарманд шахсе, ки ба ин пеша сару кор дорад бояд ҳамеша пок ва нияти соф дошта бошад. Воқеан, шахси боҳунар новобаста аз навъи ҳунараш ҳар ҷо бошад бо меҳнату заҳмати хеш соҳиби обрӯ ва дар зиндагӣ муваффақ мегардад.

Гулзира Каримова