Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Апрел 2018 | 13:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Адрас ва атласбофӣ

Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва дастархону рўйпўши бистар медўзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.

Ҳунари адрасбофӣ таърихи тўлонӣ дошта, то ба имрўз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Дар замони муосир корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳои кишвар мавҷуданд ва талаботи мардум низ ба матоъи гуногуннақши адрас бештар шудааст. Солҳои пештар адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд ва ҳар банд 200 нах дошт. Андозаи бари адрас се хел мешуд: муқаррарӣ («одмиёна») – 40 см, сербар («олчинбар») – 70 см, камбар («якбара») – 26 см. Бофандагон барои рангубори риштаи адрас рангҳоро аз рўян, пўстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Дар замони муосир аксари муассисаҳои таълимӣ – истеҳсолии адрасбофӣ риштаҳои рангкардаи тайёрро харидорӣ менамоянд.

Усули бофтани адрас дар ҳама ҷо як хел буда, аз ҷиҳати ранг ва нақшу нигор тафовут дорад. Чунончи: адраси бунафш, зангор, пудсафед, хумӣ, шона, мурғобӣ, барги карам, пудавлон ва ғайра. Ороиши адрас дар дастгоҳҳои махсус сурат мегирад, ки ин амали гулпартоиро абрбандӣ меноманд.

Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихӣ тўлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. Атлас матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ аст. Абрешимиашро асосан барои либоси занона, нимабрешимиашро барои абраи кўрпаю кўрпача ва ғайра ба кор мебаранд. Атлас матои рангаю сернақшу нигорест, ки аз рўзи пайдоиш то имрўз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ «шоҳи матоъҳо» ба ҳисоб меравад.

Офаридан ва танзими нақшу нигори атласу адрас заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Матои атласро дар дастгоҳҳои чорпопўшалӣ (4-педалӣ) ва ҳаштпопушалӣ (8-педалӣ) мебофанд. 
Ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 30 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ»,«Туҳфа», «Тўёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрўю шуҳрати зиёд пайдо кардааст.

Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрўзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.