Сомонаи пешина | Яш, 11 Апрел 2021 / 05:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарҳои мардумӣ

Мардуми тоҷик дар баробари ҳунарманд будан, нисбати санъату фарҳанг низ бетаваҷчуҳ нестанд. Аз қадимулайём бо садои асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ки дастранҷи худи эшон аст, мерақсиданд, суруд замзама мекарданд ва орзуву ормон, дарду алами ғарибиву нобасомониҳои рӯзгорашонро бо асбоби сохтаашон ҷур намуда, месароиданд. Ба ин далел дар хонадони мардуми тоҷик намунаи
03.03.2021 12:19 83

Ҷуроббофӣ ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷуроббофӣ аз қадим дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул мебошад. Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд. Онҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха
26.02.2021 14:23 114

Гулдӯзӣ навъи санъати ороиши амалии халқӣ, ки дастӣ (бо сӯзан ва чангакҳои махсус) ё бо воситаи мошинаи махсуси гулдӯзӣ дар рӯйи матоъҳои гуногун, пӯст, намад бо ресмонҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва нахҳои зару нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қимматбаҳо, шаддаи реза, мӯҳраҳои хурд, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо ва марҷону марворидҳо дӯхта мешавад. Гулдӯзӣ
29.01.2021 13:12 192

Либос ин қисми таркибии фарҳанги моддӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар либоси миллӣ на танҳо унсури фарқкунандаи дурахшони фарҳанг, балки омезиши намудҳои гуногуни санъати ороишӣ низ дида мешавад. Либоси миллӣ дар тӯли садсолаҳо унсурҳои анъанавии нақшҳову унсурҳои худро нигоҳ дошта яке аз ихтирооти беҳтарини инсоният аст.Боиси хушнудист, ки солҳои
19.01.2021 10:31 187

  Дар Осиёи Миёна аз замонҳои хеле қадим, алалхусус дар шаҳрҳои тоҷикнишини он ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд карда буданд. Ҳунармандон ва косибон бештар ба ҳунарҳои қолинбофӣ, чўбтарошӣ, кулолӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, зарбофӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра машғул мешуданд. Чунин ҳунарҳо асосан дар шаҳрҳои калон ривоҷ ёфта буданд ва аз ин
19.08.2020 05:14 406

  Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо таҷассуми ҳунарҳои миллӣ даророиши сару либос, ҷиҳози хона ва ғайра миёни  мардум хеле хуб ба роҳ монда шудааст.  Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷуз ҷӯроб тоқидӯзӣ низ
23.01.2020 11:12 735

Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва
20.12.2017 11:34 3409

  Рағза матои дурушти пашминест, ки риштаи аз пашми гўсфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ, асосан, дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисман водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд.
20.12.2017 11:31 2723

  Қолин ё гилем мафрашест, ки мисли палос дар фарши хона густурда мешавад. Онро барои ороиш ба деворҳои хона низ меовезанд. Санъати қолинбофӣ таърихи тўлонӣ дорад. Қадимтарин қолинҳое, ки то ба замони мо расидаанд, тақрибан ду ҳазор сол қабл дар қаламрави Суғдиён бофта шудаанд. Дар давраҳои қадим қолинҳои бофтаи худро онҳо
20.12.2017 11:30 2738