Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 08:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китоби «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» доир шуд

10.06.218 июни соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигрин бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йӯлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») баргузор гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ адибони тоҷик, меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя, намояндаҳои сафорати Ҷумҳури Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои фарҳангии Душанбе ширкат намуданд.

Китоби мазкурро нависанда ва тарҷумони ӯзбекзабони кишвар, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Омонбой Жуманов тарҷума кардааст.