Дар нашриёти «Адиб» ба истиқболи ҷашни Сада китоби нав таҳти унвони «Гулхани Сада» ба табъ расид.
Дар оғози китоб омадааст, ки Сада яке аз ҷашнҳои бостонии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Чун аз ин сана то фарорасии Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро ташкил медиҳад, онро Сада меномиданд, зеро дар он даврон ориёиҳо шабу рӯзро алоҳида шумор мекарданд.
«Ин ҷашн дар замони соҳибистиқлолиятии кишвар дар баробари дигар ҷашнҳои бостонӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидаву шукуҳмандона таҷлил мегардад»- оварда шудааст дар китоби нав.
Мураттиби китоб Гурез Сафар буда, дар он шеъру мақолаҳо аз шоирони гузаштаву муосир ва адабиётшиносону муҳаққиқон гидоварӣ ва нашр шудаанд.