Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 02:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Китоби нави Темур Зулфиқоров ба забони тоҷикӣ

«Чойхонаи лаби ҷар» чунин ном дорад китоби нави шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров, ки онро ба қарибӣ нашриёти Адиб» бо теъдоди 1000 нусха нашр намуд.

Дар ин китоб повестҳои «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Достони бачагии Мушфиқӣ», «Як рӯзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)» ва новеллаҳои нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров гирд оварда шудаанд. Ин асарҳо ҷанбаи фалсафӣ дошта, хонандаро ба андеша водор месозанд, то нисбат ба ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бетараф набошад.

«Чойхонаи лаби ҷар» китоби севуми нависанда ба забони тоҷикист. Қаблан китобҳои ӯ «Ишқи авали Хоҷа Насриддин» ва афъимори марҷонӣ» ба забони тоҷикӣ нашр шуда буданд.